ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Бигзор, дигар кас пешхезӣ бикунад. Ғолиб барояд, шарик мешавӣ! Мағлуб шавад, ту шарик нестӣ!»
Ва баъди ҳафт сол Қурбонмуроди муфтӣ пеш баромад.
Вай одами ростгӯ буд ва дурӯғро куфри имон медонист ва аз дигар муфтиҳо як фарқ дошт, – ба ғайр аз дарсҳои мадраса, боз мустақилан «Шоҳнома» ва «Донишнома» ва «Сиёсатнома» ва «Гулистон» ва осору девони олимону шоирони зинданомро хонда ва ҳусну қубҳи рӯзгорро шинохта буд. Ва заифнолии аҳли мактабу мадраса ба дилаш зад, ва дар як ваъзаш ба толибилмон дарди дилашро холӣ кард:
– Шумо гӯё ба талаби илм омадаед. Даъво доред, ки дар роҳи омӯзиши илм риёзат мекашед. Вале нек нигоҳ бикунем, шумо на танҳо худатонро фиреб медиҳед, балки кулли мардуми авом қурбониёни фиреби шумо ҳастанд.
Ҳатто, дониста ё надониста, худи Худоро ҳам фиреб додан мехоҳед.
– Домулло куфр кардед! – аз ҷо бархест толибилме.
– Дар ҷоятон биншинед, қозизода. Давоми суханро гӯш бикунед. Куфр дуъофурӯшист. Мо бо чашми худ бидидем, ки баъди хатми мадраса қариб ҳама дуъофурӯш шуданд.
Барои чӣ? Барои он ки фармудаҳои шаръи шарифро намедонанд. Агар донанд, дар амри маъруф ба халоиқ мегӯянд, аммо худашон, дар васвасаи таъоми муфт ва пули бедардимиён, ба фурӯш мегузаранд. Худашонро фиреб медиҳанд. Мардуми авомро фиреб медиҳанд. Амалдоронро фиреб медиҳанд. Оқибат чӣ мешавад?! Оқибаташ маълум – Амир фармон медиҳад, ки «минбаъд ҳама корҳо бар вифқи шаръи шариф мешавад», вале дар амал фармудаҳои шаръи шарифро на худаш риоя мекунад, на мансабдоронаш риоя мекунанд ва на мардуми бозору мазор.
Ҳамаи ин аз нодонии мову шумост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё