ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
худу барои мизоҷон, дар ҳангоме ки сухан аз беҳ ё бадтар шудани корҳои мулк равад, мегуфтанду механдиданд:
– Кар рафту кӯр омад.
Ва ин амири нав ҳамон корҳоеро мекард, ки падару бобоёнаш карда буданд – онҳо ҳам дар рӯзи ҷулус ба мардум ваъдаи ободиву осудагӣ дода буданд, инаш ҳам ваъда дод, ки мулкро ободу халқро осуда мекунад, ва минбаъд ба худсариҳову ситамгариҳову беадолатиҳо роҳ намедиҳад ва ҳама корҳо вифқи шаръи шариф хоҳад буд ва ҳар касе қади мӯе каҷ равад, сазо хоҳад дид. Ва хосу ом ба падару бобоҳош бовар карданду фиреб хӯрданд – онҳо, раҳматиҳо бошанд, ё лаънатиҳо!, мурданду рафтанд, вале вифқи шаръи шариф кор карданро ёд нагирифтанд, ки ёд нагирифтанд. Таҷрибаи талхи ҳаётӣ буд, бо вуҷуди он ба ваъдаҳои инаш ҳам бовар карданд ва рӯзу ҳафта ва моҳу сол, хосу ом умедвор буданд ва интизорӣ мекашиданд, ки «корҳо вифқи шаръи шариф хоҳад шуд» – касе ба касе ҷабр намекунад, касе касеро фиреб дода наметавонад ва аз гаҳвора то ба гӯр одамон дониш меомӯзанд, ва расми тортуқ гирифтан ва одати ришва хӯрдану ҳақро ноҳақ баровардан, бекор мешавад, ва ниҳоят, Амиру Вазир мефаҳманд ва ба дастур мегиранд, ки «подшоҳ дар хидмати халқ бошад, нонаш ҳалол аст, ва агар дар хидмати халқ набошад, мурдахӯрест, ки мурданаш беҳтар аз зистанаш аст».
Ва боз фиреб хӯрданд – ҷабру ситам боқӣ монд, фиребу найранг авҷ гирифт, хондану донистан аз байн рафт, тортуқ, ки ҳарсола буд, ҳармоҳа шуд, ришвагирӣ ва ҳақро ботил кардан аз ҷумлаи ҳикматҳои давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт, ва Амиру Вазир нафаҳмиданд, ки «вифқи шаръи шариф» чӣ будааст. Ва олимон ба ташвиш афтоданд, ки:
– Нафаҳмида бошанд, фаҳмондан даркор!
Олимон ҳафт соли расо дар дил, дар фикр, дар сӯҳбатҳои олимона ва дар кӯчаву бозор аз ин бобат шикоят карда гаштанд; ва дар ин ҳафт сол Амири нав ба ҳаёти мардум, ба қадри тори мӯй, навигарие наовард, ва зиндагиро баробари як нахӯд беҳтар накард; ва ҳамаи ин муддат олимон шикояту ҳасраташонро ба якдигар ва ба ҳар як ҳамсӯҳбати дигар гуфтаву мешуниданд, вале он ҳама даъвоҳо ва он ҳама эродҳо аз кунҷи сандаливу лаби дастархон берун намерафт, ва эътирози рӯёрӯ ва даъвати рӯбарӯ надошт – ҳар кадоме пайт мепойид, ки «пеш надаро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё