Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва вақте ки муҳандиси дарбор Дӯстмурод ба ӯ нома навишт, ки «ба мансабдорон аз хазина маош таъин шавад, то ки онҳо пешдасти худ халқро тороҷ накунанд, ва ба сарбозон хӯрданиву пӯшиданӣ бояд дод, ки ба хидмат дилгарм бошанд;» Амир сахт ранҷид ва ба Қушбегӣ гуфт:
– Ба ӯ мартаба додем, акнун ба мо насиҳатгар шудааст.
Ва Қушбегӣ ба дасти Дӯстмурод хати маъзулӣ дод ва ба Қозикалон фаҳмонд, ки «вай аз ин баъд мударисӣ накунад ва шогирд нагирад»; ва Қозикалон дар сӯҳбат бо наздикон, гӯё бо афсӯс, дар асл барои паҳн шудани хабар, гӯшзад менамуд, ки «муҳандис Дӯстмурод девонаавзоъ шудааст, ҳайфи олим, аз афти кор дониш зӯрӣ кардааст»; ва дар шаҳр паҳн шуд ин овоза, ва Дӯстмурод одат дошт, ки ҳафтае як бор, бегоҳирӯз,ба мадрасаи Мири Араб, ба ҳуҷраи меросиаш меомад ва то субҳ ба мушоҳидаи гардиши ситораҳо машғул мешуд; ва ҳоло ҳар гоҳе пайдо гардад, толибилмҳои мадраса масхарааш мекарданд, ки «ана, боз омад, шаби дароз бо аҷинаҳояш сӯҳбат мекунад;» ва худҳошон дар остонаи мадраса, рӯи тахтасангҳо нишаста «Алҳамд» ёд мекарданд ва маънои калимоти арабиро намефаҳмиданд ва бо насиҳати устодон худро тасалло медоданд, ки «имрӯз риёзат кашӣ, фардо роҳаташро мебинӣ;» ва роҳати фардо, ки тамоми умр давом мекард ва асрҳо боз аҳвол чунин аст, иборат буд аз «ҷорӯби дастархони мардум шудан» ва тӯмор навиштан ва таракаи мерос карда ҳақ ситонидан ва роҳи илму амалро бастан…

3
Дар Петербург Иван Маленкий аз таассуроти сафари
ҳафтсолааш ҳисобот медод – ба маъмурон ва ба матбуот. Ин
ҷосуси куҳнакор, ки ба сифати дарвеш, қаландар, наботшинос ва этнограф, дар Хева ва дар Фарғона ва дар Бухоро, савораву пиёда гаштааст ва забонҳои форсиву туркиро бо чанд гӯиш медонад, ва Франсаву Итолиёро дидааст, ва императори Аъзам, бо меҳрубонӣ ӯро «мой миленкий» мегӯяд, дар кӯшки ороставу пероста зиндагӣ мекунад ва харидори зиёде дорад аз ходимони рӯзномаву маҷаллаву нашриёт, ва ӯ дар мақолаву рисолаҳояш, ки рангаш хушк нашуда ба чоп меравад, қисса мекунад, ки «агар ба китобҳои таърих ва осори адибони Осиёи Васат бовар бикунем, подшоҳони хирадманду одил дар ин мулкҳо бисёр будаанд, ва адолаташон ба дараҷае будааст, ки дар қаламравашон як вайрона ёфт шавад, подшоҳиро ба худ ҳаром медонистанд; ва дар кӯча як гуруснаро бубинанд, шаб хобашон намебурдааст; ва хари гаргине дар саҳро ҳайдав гардад, соҳибашро ёфта танбеҳ медодаанд, ки «то тавоно буд кор мефармудӣ, нотавон ки шуд, дар кӯча мепартойӣ?,» ва ба гарданаш мемонданд, ки «то охири умр обу алафашро бидеҳ!»; ва даъво доранд, ки дигар мамолики олам усули давлатдориро маҳз аз онҳо ёд гирифтаанд, ва ин даъво ягона манбаи ифтихорашон аст, зеро дигар мояи ифтихор надоранд, ба ҳар ҳол ман надидам.

пешина
аз 435
навбатӣ