ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Устод, ман рафтам. Ҳазрат саломат бошанд.
2 Дар ҳамин рӯзҳо дар лаби Сирдарё русҳо истеҳком месохтанд. Аввал як даста аскар пайдо шуд ва дере нагузашта ду даста шуд ва марзбонони аморати Бухоро аввал эътиборе надоданд ва баъд одам фиристода пурсиданд:
– Шумо дар ин ҷо чӣ коре доред?
Онҳо ҷавоб доданд:
– Роҳҳо пур аз дузду роҳзан шудааст. Мо барои таъмини амнияти роҳ омадем. Дар ин кор ба шумо ёрӣ медиҳем.
Рост буд ин гап – дар воқеъ ҳам дар ин роҳҳо ғорати корвон, ба яғмо бурдани рамаҳо ва қатли одамон, барои дастаҳои мусаллаҳ як касб ва манбаи маоши зиндагӣ шуда буд, ва аморати Бухоро онро пешгирӣ намекард ва ё пешгирӣ карда наметавонист; ва агар русҳо сарриштаи ин тохту тозҳоро ба даст гиранд, ғайр аз фоида дигар зараре надорад; ва марзбонон ҳузури ин дастаҳоро як фоли нек донистанд ва дигар ба онҳо халале нарасониданд. Вале ин муросо дер давом накард–моҳ ба моҳ дастаҳо бештар мешуд ва дар паси манораҳои чӯбин казармаҳо қомат рост мекарданд ва аскарон ба машқи ҳарб машғул буданд ва техникаи ҷангӣ ҳамеша ғурриш мебаровард; ва марзбонони Бухоро ба ташвиш афтоданд, ва ба номи Амир пай дар пай нома мефиристониданд, ки «аскарони рус ба ҷанг тайёр мешаванд», ва қушбегиву сарлашкар, ба мулоҳизае, ки айши Амир талх нашавад, ин номаҳоро ба ӯ нишон намедоданд; ва оқибат, Муншии Калон, бе маслиҳати дигарон, ин арзро ба самъи Амир расонид:
– Амирам, аз рафтори онҳо бӯи ҷанг меояд!
Ва Амир хандид:
– Воҳима накунед. Императори рус бо мо аҳди дӯстӣ дорад. Дар як ваҷаб саҳро аскар дароварда бошад, ҳеҷ қиссае нест. Он заминҳо, бе ин ҳам, бекору бесоҳибанд.
Обод кунанд, беҳтар нест!?
Ба ин далели шаръӣ Муншӣ ҷавоби муносибе наёфт – дар одоби дарбор касе ҳақ надошт, ки гапи Амирро гардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё