ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Хондану ибрат гирифтан дар мулкҳои дигар ҳаст. Вале дар Бухоро нест. Дар Хеваю Қӯқанд ҳам нест. Агар мебуд, хирадномаю пандномаю сиёсатномаю дигар кашфиёти бузургони мо ҳафсаду ҳаштсад сол дар таҳхонаҳо, дар саҳифаи китобҳо, зери чангу ғубор намемонд. Боз Шумо огоҳтаред.
– Огоҳам, огоҳам. Ва мехоҳам дигаронро ҳам огоҳ бикунам, огоҳ бикунам, ки чаро мо ба ҷаҳли мураккаб гирифтор шудаем? Сабабаш чисту кист?
– Худо ба Шумо қувват диҳад. Аммо ман бо супориши дигаре омадам.
– Супориши киву чӣ?
– Бо супориш, аниқаш, бо илтимоси Абдумалик.
– …?
– Ман алҳол дар хидмати Абдумалик ҳастам. Навкари хосаш. Маълуми хосу ом аст, ки амирамон тадбири давлатдорӣ надорад. Мову Шумо ҳам медонем, ки дар вақтҳои охир, фикру зикраш тамошои таъзими заминбӯс, гирифтани тортуқу пешкаш, шумурдани саночҳои тиллову нуқра, бозии «дору пахш кун!», ва «баред, сарашро гиред! Баред, чордарон кунед!» Ҳамин аст ҳама ҳикмати давлатдориаш. Урус зер карда омадаст. Ҳар ҳафта музофоте ва шаҳреро мегирад. Аз майдон, пеш аз ҳама, сардорони сипоҳ мегурезанд. Сарбозон титу парешон. Ашӯри Понсад қаҳр кард, ба назди Абдумалик омад. Мо ҳам як тӯда элнавкарон тарафи Абдумалик гузаштем. Вай ҳам норозӣ. Нияти қиём кардан дорад. Ҳам муқобили урус ва ҳам ба муқобили падараш. Ва манро назди Шумо фиристонид.
– Чаро назди ман? Ман лашкар надорам, силоҳ надорам, ва тангаву тилло ҳам надорам.
– Амир дар Зирабулоқ лашкари аросоте ҷамъ кардааст.
Аз он тараф аскари урус ба марзи Зирабулоқ расидагӣ.
Абдумалик мехоҳад бидонад, ки агар дар ҳамин ҳолат, алайҳи ҳарду тараф ливо бардорад, бурд мекунад, ё бой медиҳад. Яъне ки Шумо, ба ситораҳо бингареду бубинед, ки толеъаш нек аст ё наҳс?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё