Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар ҳамин маврид Рӯзимурод бо либоси низомӣ, ба ҳавлии ӯ даромад ва аз остонаи дарвоза овоз баровард:
– Касе ҳаст?
Хидматгор аз собот давида баромад ва истиқбол кард ва бурд ӯро ба хонаи Дӯстмурод.
Дӯстмурод аз навиштан даст бардошт, аз ҷой хест ва Рӯзимуродро оғӯш гирифт:
– Кадом шамол паронд?
– Шамоли дидори Шумо.
Ва онҳо сари хонтахта нишастанд. Рӯзимурод аҳвол пурсид:
– Шумо дар замонҳои нотинҷ чӣ ҳол доред?
– Ҳоли мо ҳамин ки мебинед. Зӯрамон ба қаламу коғаз мерасад.
– Беҳуда худатонро азоб медиҳед,устод.
– Шояд. Аммо умеде дорем, ки фардо касе хонаду ибрате бигирад.

пешина
аз 435
навбатӣ