ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Чор ҳазор тиллои сурх сарф шуд ба ин гаҳвораҳо, – гуфт Амир.
– Меарзад! Муборак шавад! – бо як овоз ҷавоб доданд онҳо.
Амир ба мисли аспи ҷувоз гирди гаҳвораҳо гашт ва бузургони аморат гирд гаштанд монанди ӯ, худе ки гардан ба гардан бастагӣ бошанд. Ва Амир фармоиш дод:
– Тиллокориашро ҳарам баред, нуқракӯбашро хонаи доя.
Ва тантанаи қабули гаҳвораҳо аз Саломхона ба Ҳарам кӯчид, ба хонаи зане, ки кадом як ҳоким пешкаш оварда будааст ва ҳолдонҳо ғайбат мекарданд, ки то ба Арк омадан, аз сад даст гузаштааст, алҳол ҳомила буд, ва таваллуд шудани шоҳписарро аҳли дарбор мунтазиранд. Ва хонаву долону айвон аз савлати ашрофзанҳо мавҷ мезад–мавҷи пероҳанҳои рангоранг ва қабат ба қабат ва мавҷи хафабандҳои гаронбаҳо, зеби гулӯву гӯшвораҳою ангуштари тилло, ва ғалмағал, ба монанди ғавғои занҳо дар ҳаммомҳои Бухоро,– биёр, бубар, бӯхчагирӣ, бӯхчадиҳӣ, матоъбурӣ, латтадарӣ ва дархости кадбону, ки:
– Шаб ё саҳар меҳмони нав ба дунё меоянд, ҷаҳонгир мешаванд, муносиби мақомашон, аз матоъи ҳар гӯшаи дунё як либос мепӯшанд–махмалаш аз Фарғона, шоҳияш аз Чину Мочин, кампалаш аз Кашмир.
Ва тамаллуқи дигар занҳо, ки «арзани Фароб даркор, нам намекашад, бадани кӯдак роҳат мекунад, ёфтанаш ба гардани ман», «Ғавракаш аз ман, аз чӯби зардолуи Исфара мефармоям, хосияти табобатӣ дорад», «Сибаи Самарқанд нағз, хокаш тоза, почотонро мегӯям, ки фиристанд»…
Ва ғуҷғуҷи ин латтабозор ба ногоҳ қатъ шуд – ба ҳавлӣ Амир омад, бо ҳамроҳии Ҳоҷӣ Тӯра ва Рӯзимурод. Занҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё