Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рафиқ Одилов коммунист аст ва мухбир ҳар айберо, ки ба ӯ нисбат медиҳад, ба ҳизби коммунистӣ дахл дорад. Ҳизбро бадном мекунад. Як тӯҳматест дар ҳаққи ҳизб. Чунин тӯҳмат боз дар рӯзномаи марказии ҳизб чоп шудааст. Худатон хонеду хулоса бароред.
Ва сиву ҳафт аъзои кумитаи марказӣ, ки фақат се-чор нафарашон он мақоларо хонда буданду боқимондаҳо нахонданд, қариб якдилона ва бо хашму ғазаб хулоса бароварданд, – ҳардуи онҳо, ҳам мухбир ва ҳам сармуҳаррир, саводи сиёсӣ надоранд. Ҳардуяшон дар ҳизб одамони зараровар будаанд. Ҳардуяшон ба осиёи душманони ҳизби коммунист об мерезанд. Ҳизбро бадном мекунанд. Ҳизбро бадном кардан чунин маъно дорад, ки онҳо давлати шӯравӣ, тартиботи сохти сотсиалистиро бад мебинанд. Ба ҳардуяшон ҷазойи сахт додан даркор. Сафи ҳизби коммунистӣ ҷойи ин хел одамон нест.
Ва Муродгул низ навбати сухан гирифт:
– Рафиқон, аъзоёни кумитаи марказии ҳизб! Масалан, аз байни ҳозирони ҳамин маҷлис, Зарифов гӯяд, ки Шарифов сарам дилам кор мекунад, соҳаеро, ки бовар карда ба ӯ супоридаанд, аз ӯҳдаи роҳбарияш намебарояд, эроди вай фақат ба фаъолияти Шарифов дахл дорад, на ба фаъолияти ҳамаи аъзоёни кумита, на ба фаъолияти ҳизб умуман, бо далеле, ки вай аъзои ҳизб аст. Вай як нафар аъзост, на ҳизб. Мухбир ва муҳаррир директори як совхозро танқид кардаанд. Хуб кардаанд. Танқид меваи коммунизм аст. Бад кор мекунад, аз танқид хулоса барорад, хуб кор карданро ёд бигирад. Сазовори хитобу итобу ҷазо директори совхоз аст, на мухбиру муҳаррир.
Ва котиби якуми ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ, аз зери айнаки сиёҳ ва оинааш паҳни чоргӯша ба Муродгул песонда нигоҳ кард, – нигоҳи норозӣ ва бо таҳдид; ва сиву се аъзои кумита, ҳама мансабдорони калон, ҷониби Муродгул, аз зери чашм, песонда норизоёна, нигаристанд, ва се нафар, вазъи рӯҳашонро пинҳон доштанӣ шуданд ва сар хам гирифтанд; ва лоиҳаи қарор, бо таҳрири ду-се калима – ба ҷои шунида, шунидем, ба ҷои огоҳӣ, огоҳии қатъӣ ва ба ҷои иҷро кунад, иҷрояшро назорат кунед, тасдиқ шуд, – мухбир ва муҳаррир аз сафи ҳизб бароварда шаванд; минбаъд дар матбуот кор кардани онҳо мумкин нест; ташкилоти ҳизбии редаксияро бақувват кардан даркор, ки минбаъд чунин хатоҳо такрор нашавад.

пешина
аз 435
навбатӣ