Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар қасрҳо шоҳ набуд, дар кӯчаҳо гадо набуд, – калимаҳойи ҷаноб, ҳазрат, амир, шайх, мулло, бой, валинеъмат ва бечора, ситамкаш, гурусна, берӯзӣ, бепул, бехона, бадбахт, бесавод, беақл, аз гардиш монд, – ба шаъни одами шӯравӣ намезебид! Одами шӯравӣ, бино ба таълимоти коммунистӣ, дар таърихи тамаддун, Одамест, ки Қадру Қимати худро медонад ва ҳеҷ вақт, дар ҳеҷ шароит, дар назди ҳеҷ касе, шаъну шарафи Инсониро паст намезанад, – хушомад намегӯяд, ришва намедиҳад, даст намебӯсад, аз дурӯғ парҳез дорад, фиреб намекунад, ба оҷизӣ тан намедиҳад, аз мушкилиҳо наметарсад… Ва Одам дар гузашта иззати нафси худро ҳимоя карда наметавонист, ҳозир метавонад, чунки давлат пушту паноҳ шудааст, ва тартибу талаби замони нав, даврони сотсиалистӣ, Одами нав тарбия кардан аст, ва мақсаду муродаш ин аст, ки Одам мутеъи Одам набошад; ва хондани сурудҳои ҳузноварро манъ кард, ва нашру тарғиби китобҳоеро, ки оҳангу мазмуни яъсу ноумедӣ доранд, зараровар донист, ва одамбезориву гӯшанишиниву Худоҷӯиро, ки ҳамчун нишонаи ҷаҳолат ва шуғли одамони беиродаву тарсончак, маҳкум намуд, ки ин ҳама ба Рисолати Одам дар Ҷамъият, ҳеҷ муносибате надорад, балки таҳқирест ба номи Одам ва мақоми Одам. Ва дар қарор, дар мактаб, дар матбуоту китоб, аз фотеҳони илму амал, аз рӯзгори мардони майдону мубориз, аз беҳбудиҳойи ҳаёти фаълаву деҳқон, аз зиндагии озоду осоиштаву ободу пуропури шодмонӣ мегуфтанду менавиштанд; ва чанги кӯчаи норӯфта, даҳ тин зиёд гирифтани пешхидмати ошхонаву ресторан, ба мактуби касе дер ҷавоб додани маъмуре, бовар кардан ба фолбин, ва табобати бемор бо дуди ҳазориспанд, рӯза гирифтан, мавзӯҳойи машҳури ҳаҷву фелетон буд.
Ва овозаи серу пур ва шоду хуррам зистани Одам дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба чаҳор тарафи дунё мерафт, ва мардуми рӯйи ҷаҳон шунида ҳавасашон меомад, ва ҳизбҳо ташкил медоданду муборизаҳо мебурданд, ки чунин давлату ҳукумате созанд.
Ва феодалҳову капиталистҳову империалистҳо аз чунин бедориҳову талошҳо ба ҳарос афтоданд, ва тадбир аз паи тадбир меҷустанд, ки Иттиҳоди Шӯравиро аз беруну аз дарун вайрон бикунанд.

пешина
аз 435
навбатӣ