ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва аз он ҷо рафт ба МТС1 ва устоҳойи таъмиргар, ки дар айвони чойхона нишаста қартабозӣ мекарданд, мошинро аз дур, аз каҷгардии роҳи канал, диданд, ва баробар аз ҷояшон бархестанд, – «раис омад, қабрамонро меканад», ва рафтанд тарафи комбайне, ки нисфи кабина ва бордонаш кандагӣ ва асбобҳояш дар замин парешон партофтагӣ буд; ва Муродгул даруни дарвоза аз мошин фуромад ва рост ба назди устоҳо рафт, салом дод, ҳолу аҳвол пурсид, ба се комбайни қатор, ки ҳамааш нимвайрону чангзадаву лойолуд аст, тӯлонӣ нигарист:
– Дер боз ба ин аҳволанд?
– Не, ба наздикӣ оварданд.
– Наздикияш чанд рӯз? Аз куҷоҳо оварданд?
– Инашро аз колхози Карл Маркс оварданд. Се рӯз шуд. Ун дутояш даҳ-дувоздаҳ рӯз боз дар ҳаминҷо. Надонистем, ки аз кадом колхозҳо оварда бошанд.
– Директоратон дар куҷо?
– Бо инженер ба кадом як анбор рафтанд. Баройи асбобҳое, ки иваз кардан даркор.
– Ба вай гӯед, ки шикамаш ғафс шудааст. Оби шикамашро ҷунбонад. Комбайн дар вақти дарав даркор. Дарав тамом шавад, хоҷагиҳо комбайнро ба сарашон мезананд?!
Ва дар зовуди шишабарорӣ директор узр пеш овард, ки автобаза шартномаро риоя намекунад – мошинҳойи самосвале, ки мефиристад, аксар рӯзҳо баъди чошт кор намекунанд. Мегурезанду мераванд. Бинобар ин сангу рег намерасад. Дар вақташ намебиёранд. Маҳсулаш кам.
Шишаву бонка ба комбинатҳойи консерву шир аз нақша камтар меравад. Роҳбарони комбинатҳо аз мо домангир.
Гӯё қасдан миёни кори онҳоро мешикаста бошем. Ва Муродгул ба директор фаҳмонд, ки «дуруст мекунанд, ки домангир мешаванд. Мошин сари вақт рег овард ё наовард, кори онҳо не, кори шумо. Аз онҳо гила накунед, аз худатон гила бикунед, ки чашми корро намедонед, мушкили коратонро худатон осон карда наметавонед ва бори худро
МТС – Машинотракторная станция.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо