Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар ҷамъбасти панҷсолаи панҷум Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни понздаҳ Ҷумҳурии Сотсиалистии Иттифоқи Шӯравӣ, дар се бобат ҷойи якумро гирифт:

  1. Таваллуди кӯдак.
  2. Шумораи онҳое, ки маълумоти олӣ доранд.
  3. Номгузорӣ ба маҳалҳо.
    Ва ба се нафар зан, ки зиёда аз дувоздаҳ фарзанд таваллуд карда буданд, унвони олӣ ва ифтихории Қаҳрамонмодар доданд; ва як нафарашон, ки Шодигул ном дошт, қаҳрамони очерк ҳам шуд, – якбора се очерк дар се рӯзномайи ҳизбу ҳукумат чоп карданд, ва баъд маълум гардид, ки Шодигул аммазодаи райиси шӯройи олӣ будаст, ва ҳамин хел супориш шуда будааст; ва ба қавли муаллифи очерк, падари фарзандон, ба саволи «шумо дар куҷо кор мекунед?» ҷавоб додаст, ки «дар зовуди одамбарорӣ!», вале ин саволу ҷавобро хат задаанд, чоп накарданд.
    Ва шумораи одамоне, ки мактабҳойи олиро хатм кардаанд, ба саршумори аҳолӣ ҷамъу тақсим шавад, дар Тоҷикистон на фақат аз дигар ҷумҳуриҳо, балки аз баъзе давлатҳойи пешрафти ҷаҳон, зиёдтар аст; вале роҳбарони ҳизбу ҳукумат бемор шаванд, барои табобат Москов мерафтанд; ва иморате сохтан лозим ояд, аз Ленинград меъмор меоварданд; пажӯҳишгоҳи илми физика, ё химия таъсис бидиҳанд, олимонро аз Русия даъват мекарданд; ва муҳандиси комбинатҳойи орду нону гӯшту ширу равған, ва режиссёрони кинову театрро аз дигар ҷойҳо кофта меёфтанд…
    Ва дар номгузорӣ Тоҷикистон умуман дар ҷаҳон собиқа надошт, – шаҳрҳояш бо номи доҳиҳо, районҳояш ба номи аъзоёни бюройи сиёсӣ, колхозу совхозҳояш ба номи доҳиҳо, аъзоёни бюро, командирони зиндаву мурда, адибони сурх, кӯҳҳояш низ инчунин. Ва Дилмурод, писари Муродгул, донишҷӯйи университет, ҳангоми хондани китобҳойи таърих ва ҷуғрофия, ҳамеша ба як савол ҷавоб намеёфт, – пеш аз инқилоб ҳамин замин, ҳамин манзил, ҳамин маҳал, ҳамин кӯҳҳо, ҳамин пирях буд ё набуд?
пешина
аз 435
навбатӣ