ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ғояи коммунизм ҳамон ормонҳойи куҳнаи Инсоният буд, ки аз замони ҳазрати Одам то ба ҳоли ҳозир вуҷуд дошт, – дар афсонаҳойи ширин, дар достонҳойи адибони хаёлпараст, дар чаҳор китобе, ки аз осмон фуруд омадааст, – Таврот, Инҷил, Забур, Қуръон ва дар андешаҳойи инсондӯстии олимон. Вуҷуд дошт дар сухан, дар забони воизон, дар саҳифаи китобҳо, ки фарзанди Инсон озод аст, ҷабри як инсон ба инсони дигар гуноҳ асту азоб дорад, ва ҳамаи онҳо дар ҳаёт ҳаққу ҳуқуқи баробар доранд ва ҳамаашон ба якдигар бародару хоҳаранд, ва биноан дар ҷомеъае зисту зиндагонӣ бикунанд, ки золиму мазлум, забардасту зердаст, серу гурусна, пӯшидаву луч, надошта бошад. Ва мегуфтанду менавиштанд, вале дар амал чунин ҷомеаро касе дар ягон гӯшаи дунё надидаасту намедид, ва то ғалабаи тартиби давлатдории сотсиалистӣ рӯзгор чунин буд; ва акнун чиҳил солу панҷоҳ сол шуд, ки коргару деҳқон ҳамон ҷомеъаи ормониро месохт, ва ҳизби коммунистӣ роҳбарӣ мекард; ва коммунист намунаи Одами комил ба ҳисоб мерафт, ва бо рафтори худу кирдори худ нишон медод ва ба исбот мерасонд, ки халқҳои ҷаҳон имкон доранд озоду ободу хушу хурраму ёру бародар умр ба сар баранд.
Ва худнамоиву худхоҳиву кибру ғуруру нони муфт хӯрдан ба коммунист раво нест, ва ӯ намунаи ибрат аст барои дигарон дар лафзи ҳалол ва ахлоқи ҳалол ва кори ҳалол ва луқмаи ҳалол. Ва агар чунин хислатҳову чунин сифатҳоро надорад, вай коммунист нест.
Ва Назар Ҳакимовро, ки вазири саноати сабук буд, дар маҷлиси ҳизб ба тахта рост монда, пурсиданду ҷавоб гирифтанду қарор бароварданд, ки дар идораҳойи тобеъи вазораташ фақат хешу табор ва ёру ҷӯраи худашро роҳбар мондааст, ва лаёқати кадрҳоро, ки айни адолат аст, сарфи назар кардаст, ва лоиқи номи коммунист нест, ва аз сафи ҳизб хориҷ шавад ва минбаъд ба корҳойи роҳбарӣ ҳақ надорад; ва Барот Нуриевро, ки директори мактаб-интернат буд, ва бачаҳоро дар рӯзҳойи истироҳат ба хонааш бурда, дар сохмони иморат ва ободии ҳавлиаш кор фармудааст, ба райком оварда, билети ҳизбиашро кашида гирифтанд, ва аъмолашро ҳавола ба суд карданд; ва барои он ки маблағи сохтмони клубу кинотеатрро котиби якуми кумитаи марказии ҳизби вилоят ба сохтмони бинои маъмурӣ истифода бурдаст, ӯро аз мансаб сабукдӯш карданд ва ба як райони дурдаст фиристониданд; ва Карими бригадирро як сол аз озодӣ маҳрум намуданд, ки ҳар рӯз аз зовуди орд як киса орд медуздидааст; ва сардухтури табобатхонаро танбеҳи сахт доданд ва дар дафтари аъмолаш навиштанд, ки ба як бемор сари вақт ёрии тиббӣ нарасонидааст; ва…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо