ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар соли сейуми баъд аз ҷанг рӯзгори мардуми шӯравӣ ба дараҷае беҳтару хубтар шуд, ки ҳатто дар пешрафти техникаву саноат аз солҳойи пеш аз ҷанг бартарӣ дошт. Ҳукумати шӯравӣ барои ҳифзи Ватан ва барои ҳифзи тартиби давлатдории сотсиалистӣ талафотҳойи ҷониву молии ҳангуфте дод, вале аз ҷанг заифу нотавон не, балки бардаму тавоно берун омад. Ин ҳукумат ҳукумати коргару деҳқон, ҳукумати халқ буд, ва коргару деҳқон, халқи авом ин ҳукуматро дӯст медошт, – пояш луч буду говрона бо даст ҷуфт мекард, тухм мепошид, хар надошту бо чиғна банди гандуму алафашро хирманҷову коҳдон меовард, анбори худаш холиву ҳосилро амбори колхоз мебурд; соҳиби рама набуд, аммо хобу роҳатро раво намедид, ки рамаи колхоз серу пур бошад, то дар вақти тӯл аз сад меш ба камаш навад, наваду панҷ барра бигирад; басти кори худашро иҷро мекард, ва вақту қувваашро дареғ намедошт, – боз як басти дигар ба ҷойи он ҷавоне, ки ба фронт рафту барнагашт, сари дастгоҳҳойи зовуду фабрик истода маҳсулот мебаровард; коҳиливу танбалиро, ки дар вуҷуди ҳар як инсон ҳаст, бо азми ирода аз худ дур меронд ва илова ба вазифааш, бо як мошин не, бо ду мошин ришта мересид, матоъ мебофт, мӯза медӯхт, оҳану пӯлод мегудохт, ангишт меканд…Ва ҳамаи ин фидокориҳоро хушу хурсандона, бо шавқ ва бо ихтиёри худ мекард, ки ҳукумати мо ҳукумати коргару деҳқон аст ва коргару деҳқон ҳар коре, ки мекунад, барои ободиву осоиши худаш мекунад, ихтиёрӣ ва аз худ дониста мекунад, ки озод аст, баробарҳуқуқ аст, ҳеҷ кас аз ҳеҷ каси дигар каму зиёд нест, хоҷаву хизматгор гуфтанӣ фаҳмишҳову одатҳо, ҳамроҳи феодализму капитализм, решакану хоки туроб шудааст.
Ва ҳукумати шӯравӣ бо тамоми қудраташ, – бо қарору қонун, бо сипоҳу силоҳ, бо сиёсату раёсат, бо илму адаб, бо китобу мактаб, бо ташвиқу тарғиб, манфиати коргару деҳқонро ҳимоя мекард, шаъну шарафи коргару деҳқонро таъмин менамуд, ғами ҳифзи сиҳат ва хонаву дар ва ҷойи кори коргару деҳқонро мехӯрд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо