Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман чанд бор ба онҳо гуфтам, ки ҷӯраҳо, гоҳ-гоҳ монед, ки як соат – ним соат бо экскаватор ва булдозератон кор кунам, ҳеҷ розӣ намешаванд.
Ва Латишурус ҷавоб дод:
– Албатта, расми ҷӯрагиро риоя накарданд. Хуб не. Вале экскаватор ва булдозер, ҳар қадаре, ки вазни гарон доранд, нархашон низ ҳамон қадар гарон. Агар забонашро надонӣ, зуд вайрон мешавад. Аз кор мебарояд. Аввал хонда, забонашро ёд гирифтан даркор. Шумо дар мактабаш хонед, забонашро ёд гиред. Ёд ки гирифтед, ман ба шумо якто наппа-навашро медиҳам.
Ва дар Лондон як китоб чоп шуд, ки овозааш то ба Душанбе омад. Муаллифи китоб навишта буд, ки таърих хаёлӣ ва хаёлпарастони зиёдеро дидаасту медонад, вале хаёлпарастони Кремл аз ҳамаи онҳо гузарониданд, ва ба дараҷаи ифрот расониданд. Инҳо даъво доранд, ва рисолаву китобҳо навишта, ва қарорҳо бароварда, гӯё дар заминаи илмӣ исбот карданианд, ки аз як мамлакати хароб ва бехабар аз техникаву саноат, дар муддати даҳ– понздаҳ сол, як давлати обод ва мутараққӣ сохта метавонанд.
Ҳамин қадар кофист, ки тартиботи сотсиалистӣ ва илова ба он таъмини қувваи барқ муҳайё бошад, дар андак вақт коммунизм ғалаба хоҳад кард. Ҳамин хобу хаёли хом ба Осиёи Миёна сироят кардааст, – ҷумҳуриҳойи ин минтақа мустамликаи империяи Русия ҳастанд, вале худро давлати мустақил медонанд. Гузашта аз ин рӯзгоре доранд дар пояи бисёр пасти феодализм, аммо боди даҳонашон бели оҳанро мекафонад, ки мо сотсиализм барпо мекунем, мо ҳокимияти шӯравӣ дорем, мо дарвозаи Шарқ ҳастем, мазлумони шарқ аз мо ибрат мегиранд…
Ва аз Москов олимони шӯравӣ, ба Лондон, ба олими буржуазӣ, як силсила мақола навишта, ақидаи ӯро рад карданд, ки қонунҳойи табиат ва ҷамъиятро намедонад.
Намедонад, ки замони ғуломдорӣ ба даврони феодалӣ овард. Феодализм барои капитализм ҷой холӣ кард. Ногузир капитализм ба коммунизм роҳ мекушояд. Ва дар зери ҳар як мақола , аз панҷ то ҳафт академик имзо мондаанд.

пешина
аз 435
навбатӣ