ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Азизмуроду Раҷаб ҳамаи ин санаду далелҳоро ғун оварданд ва даста бастанд, ва фиристонидан ба Москов, ба маркази адлу адолат. Ва аз Москов комиссия омад барои дидани ҳақиқати ҳол; ва Тошканд ба вилоятҳо мубаллиғон фиристонид ва он мубаллиғон дар ду шаб гузар ба гузар гаштанд; ва рӯзи вохӯриву сӯҳбат бо аъзоёни комиссия, даъвогарон ба майдон баромада натавонистанд, – ба онҳо роҳ надоданд, ва онҳое, ки аъзоёни комиссияро пешвоз гирифтанд, дар даст нону намак ва шиорҳо доштанд, ки «мо ӯзбакем».
Ва Раҷаб ба идораи Азизмурод даромад ва шапотӣ ба пешонаи худаш зад, ва рӯбарӯи ӯ нишаст:
– Забонкӯтоҳ шудем! Моро забонкӯтоҳ карданд ин мардум!
Азизмурод пушти сар хорид:
– Умеди дигаре доштам. Умед доштам, ки мардуми ин вилоятҳо ҳам, ба монанди мардуми Конибодом, аҳлона шиор бардошта ба майдон мебароянд, ки «Бизлар тоҷик!»
Он вақт як қатор мушкиламон осон мешуд. Акнун мушкилтар шуд. Хеле мушкилтар.
– Аз куҷо пайдо шудааст чунин рафторҳову чунин кирдорҳо? Наход, мумкин бошад, ки Одам ба ин сабукиву ба ин осонӣ аз миллаташ мункир шавад?!
– Дидем, ки мумкин будааст.
Ва Азизмурод аз ғалладони миз дафтареро баровард, варақгардон кард ва аз саҳифае хонд:
– Мо чунин дидем, ки пешиниёни мо дар дину ойини худ, нисбат ба мо, қавитар , дар зиндагӣ ва душвориҳойи он варзидатар ва дар илму амал ва фазлу карам бузургтар, дар кору ҳунарҳойи худ чиратар будаанд. Онҳо будаанд, ки моро бо донишҳойи гузаштагон шарик сохтанд ва бо таҷриба ва донишҳойи худ ғанӣ гардониданд. Онҳо дар тамоми бахшҳойи илму амал аҳамият ва инояти бештаре доштанд. Ин эҳтимоми онҳо ва ғамхорӣ нисбат ба наслҳойи оянда, бадон ҷо расид, ки агар ба рӯйи марде аз онҳо дар илме калимаи савобе кушуда мегардид, ва ӯ дар ҷойи ғайри маскун мезист, онро ба рӯйи санге менавишт, то бар асари марги ногаҳонӣ онро бо худ набарад ва пасояндагон аз он бебаҳра ва бенасиб намонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё