Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва девори Бухоро даҳ метр баландӣ ва панҷ метр ғафсӣ дошт, ва дувоздаҳ дарвоза, ки ҳамааш аз дарун баста буд; ва ёздаҳ аэроплан ҳафтоду нӯҳ соат бе танаффус дар осмони шаҳр парвоз кард, ва яксаду ҳафтод бомба ба дару деворҳо партофт, ки ҳар як бомба яксаду бисту се пуд вазн дошт; ва ба майдонҳойи васеъи шаҳр, ки бомба наафтидааст, се пуд коғаз, се пуд варақа, аз аэропланҳо парвозкунон фуромад, ки ба мардум хабари фаро расидани рӯзи беҳиро мерасонд, – Ситамдидагон! Вақти озодии шумо расид! Зинда бод, инқилоб!
Ва аз даруни шаҳр як нафар ситамкаше ҳам ёфт нашуд, ки силоҳ гираду овоз барораду барои нест кардани ситамгарон ба майдон барояду ба ҷанг дарояд, ва он бист ҳазор нафар инқилобиёни мусаллаҳ ва маҳтали ишора, ки ҷадидон лоф зада буданд, аслан вуҷуд дошт ё не, то ҳол касе аниқ намедонад.
Ва девори машҳури Бухоро аз бисту ҳафт ҷояш рахна шуд ва минбаъд касе парвои он накард, ва соҳибмулкон мисрону метин ба даст гирифтанд ва канданд яксара он ёдгории даврони феодалиро, ва кулӯху хокашро бурданду рехтанд ба заминҳои кишт, ба решаи дарахтон, ба ҷӯяи токзор, ки хоки бегона ва кулӯхи офтобхӯрда, заминро кунад девона!
Ва шаҳри Бухоро бист шабу рӯз дар коми оташ буд ва фақат дар Арк сад хонаи обод ба усӯхтаву лахчаву хокистар мубаддал гашт, ва дар маҳаллаҳо чор ҳазор бино таркиду сӯхту вайрона гашт…
Ва ғанимате, ки аз хазинаҳойи амиру сокинони шаҳр гирифтанду бурданд, то алҳол ҳисобу китоби аниқу дақиқ надорад, вале шоҳидон шумурданд, ки аз маркази як музофот, аз шаҳри Шаҳрисабз, яксаду панҷоҳ сандуқ тиллову нуқра бароварда ба фойтуну аробаҳо бор карда бурданд, ки ҳар як сандуқ якуним оршин дарозӣ дошт.
Ва лётчикони аэропланҳо дар паҳлуи дарвозаи Самарқанд

пешина
аз 435
навбатӣ