Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сидқан ба итоати шумо омаданӣ ҳастанд. Лекин роҳу равишашро намедонанд. Одам фиристониданд, ки мардони баобрӯйи ин деҳаҳо фардо дар масҷиди Шоназар ҷамъ мешаванд. Хоҳишу илтимос кардаанд, ки шумо ҳамон ҷо равед. Бо онҳо сӯҳбат бикунед.
Арзи сипос ва садоқаташонро шунавед. Роҳи ба ҳукумати халқ пайвастанашонро нишон бидиҳед.
Ва муфтиву хазинадор ин матлабро тасдиқ карданд, бо болобардораш, албатта.
Ва Маҳкам даъватро фоли нек донист, ва рафт ба назди талабгорон, ки роҳи ҳукумати халқро нишон диҳад.
Ва то масҷиди Шоназар қариб чор фарсанг роҳ буд ва тобеъият ба бекигарии дигар дошт. Роҳи кӯҳистон, – шах дар гардиши шах, нишеб андар бароз лаб-лаби оби рӯд, каҷу килеб, сангзор, ҷарҳойи хурду калон, пулҳои чӯбини ҷо-ҷо тахтаҳо пӯсида… Ва Маҳкаму дувоздаҳ нафар аскараш баъди намози пешин ба ин ҷо расиданд, ва касе онҳоро пешвоз нагирифт, ва дар ҳавлии масҷид касе набуд
– на одамони бообрӯ ва на одамони беобрӯ. Фақат сӯфии масҷид дар кунҷи айвон пинак мерафт, ва ӯ аз омадани савораҳои мусаллаҳ тарсид ва ҳайрон ҳам монд, – киҳо бошанд? Ва баъди фаҳмидан, ки инҳо кистанд ва барои чӣ омадаанд, ба ҳоли аслиаш баргашт:
– Ҳеҷ касе аз дигар деҳаҳо ба ин ҷо наомадааст. Ҳафтҳашт намозхон аз деҳаи худамон буданд, ки намозашонро хонда рафтанд. Хӯш, чӣ рост истодаем? Аз роҳи дур омадетон. Марҳамат, ба айвон.
Ва аз дилаш гузаронид, ки «Ҳукумати шӯройи халқ! Касе, ки ақл дорад, ба ин афсона бовар намекунад!»
Ва бегоҳии ҳамон рӯзе, ки Маҳкам ба тарафи масҷиди Шоназар роҳ пеш гирифт, хонсолор Адҳамро хонаи қозӣ ба меҳмонӣ бурд, ва зиёфатхӯрӣ то торикии шаб давом кард; ва «номи шумоён номи шумову Маҳкамбой дар таърих монд, номи шумоёнро мардуми ситамдида ва бечораву дармонда ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд; мо ҳам қатори мардум шабу рӯз дуъои ҷони шумоёнро мекунем»

пешина
аз 435
навбатӣ