Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хӯрд, ва шавқи ваъзгӯияш боло гирифт:
– Дар ҳамин умри кӯтоҳамон сахтиҳои бисёр дидем.
Шатта ҳам хӯрдем. Дар ақибгоҳи фронт азоби гӯрро кашидем. Бегуноҳ гунаҳкорамон карданд, паст заданд, лагад заданд; ёфтагиамонро кашида гирифтанд, моро луч карданду худашон пӯшиданд, моро гурусна гузоштанду худашон хӯрданд… Чӣ рӯзҳое, ки аз сар гузаронидем?! Акнун ҳамааш пушти сар шуд. Акнун мо он одамоне нестем, ки дирӯз будем! Акнун Миразизи ҷон, пардаи танбӯрро дигар кун. Дигар сурудҳойи ғарибӣ ва шикоят аз тақдир нахон! Акнун тақдирамон ба дасти худамон. Сурудҳойи хуш хон. Бо шавқу завқ хон! Ту, Давлаталӣ, раву аз ҳамон чашмае, ки бек об мехӯрд, об биёр. Акнун аз оби он чашма мо чой мехӯрем.
Ва он рӯзу он шаб сухангӯён, хоҳ се-чор ҷумла гӯянд ва хоҳ ним соат ваъз, сари ҳар ҷумла номи Маҳкам ба забон гирифтанд, ки «бо сарварии хирадмандонаи шумо мо ба ин рӯзҳойи нек расидем».
Пайи ҳам шунидани номаш, ва оҳанги миннатдориву сипосгузориаш мефорид ба гӯши Маҳкам ва баданаш қувват гирифт, ва ин қувват дар пӯсташ нағунҷид, ва супориш дод, ки «базми бе гӯштин ним базм аст!» Ва маъракаи гӯштингирӣ оростанд, ва ҳар паҳлавон, ки аз майдон ғолиб мебаромад, Маҳкам гумон мекард, ки ҳамон зӯр худаш аст.
Ва ба зӯри худаш имон овард, ва нишасту хест ва нигоҳу ишора ва китфу бозуяш ба дараҷае дигар шуд, ки аз он Маҳками пештара дигар нишоне боқӣ намонд, – бо виқор ва салобат менишасту мехест ва омиронаву калонгирона менигарист ба рӯйи одамон, ва ишорааш ҳукми фармон дошт, ва китфонаш боло хест, баланд шуд, ва бозувонаш гӯё аз пӯлод буданд, ва касе дар суханаш номи ӯро нагирад, ба дилаш сахт мерасид, зери чашм мекард; ва дар хотимаи ҷашни ғалаба, бузкашии Раис гузарониданд, ва Раис ба беҳтарин човандозҳо тӯҳфа дод, ки хурдаш шутур буд ва калонаш мансабе дар ҳукумати халқ.
Ва ҷашн ба охир расид, – он ҳама нозу неъмате, ки аз мансабдорони собиқ ба мусодира гирифта буданд, сарф шуд, ва роҳбарон ба маслиҳат нишастанд, ки «ҳокимиятро гирифтем, ҷашни ғалабаро гузаронидем, минбаъд чӣ кор хоҳем кард?»

пешина
аз 435
навбатӣ