ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва шӯришгарон нияти пинҳон шудану шинак гирифтан ҳам надоштанд, – онҳо аз ду ҷониб якбора ба ҳуҷум гузаштанд ва сели баҳор дар кӯҳистон барин меомаданд. Аз бораҳои қалъа тир кушоданд ва чанд савору асп каллапо рафтанд, ва байни шӯришгарон саросемагие ба амал омад, – саворон ба росту чап сари аспҳо гардониданд ва пиёдаҳо дар ҷояшон истоданд, вале саф вайрон нашуд; ва лаҳзае пас тирпаронӣ аз ҳар ду тараф суръат гирифт, ва шӯришгарон тӯда-тӯда тақсим гардида, гирдогирди қалъаро печонданд, ва… Ва ҷанг тасфид, ва ду-дуним соат давом кард, ва Хизматгорон ба Хоҷаҳо ғолиб омаданд, – ҳукумат ба дасти халқ гузашт.
Ва шӯройи халқ маҳбусонро озод кард, ва мансабдоронро, ки баъзеяш таслим, баъзеяш дар гӯшаи каҳдон руст шуданд, ва баъзеяш гурехтанӣ буд, гирифтанду ёфтанду доштанду ба ҳабсхона фиристониданд; ва нишастанду маҷлис оростанду интихоб карданд:
Маҳками Ҳамдам, раиси шӯройи халқ.
Адҳами Давлат, ҷонишини якум.
Раҷаби Исмат, ҷонишин.
Ва маҷлиси якуми шӯро аввалин қарорҳояшро баровард, – андозҳое, ки то ба имрӯз аз заҳматкашон меситониданд, аз қабили хироҷи пешакӣ, закоти савоим, закоти чакана, закоти тавореъ ва аминонаро беадолатӣ донист ва бекор кард; ва ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар қалъа буд, чун нишонаи ҷабру ситам ва чун боқимондаи даврони амирӣ, ба рӯйи ҳавлӣ баровард, ва дар пеши чашми мардум оташ заду сӯхт; ва барои ҳифзи қалъа шасту панҷ нафар аз ҷумлаи шӯришгарон ҷудо карда гирифт; ва арбобони собиқи деҳотро маъзул гардонид ва ба ҷойи онҳо, аз байни шӯришгарон, раисони шӯройи ҷамоа таъин кард; ва ба дигарон рухсат шуд, ки раванд ба хонаҳошон ва ба муроди дил рӯзгори худро саришта бикунанд.
Ва Исҳоқ як нафаре, ки зӯран ба навкарӣ бурданӣ буданд ва бо шарофати шӯриш озод шуду ба шӯриш шарик гардид, аз ҷои нишасташ, аз байни одамон бархест ва ду даст пеши бар гирифт барои таъзим:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё