ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дар корҳойи амирӣ дасти кор даркор!
Ва аз ҷумлаи гарданшаху гапнодароҳо, аз нӯҳ деҳа бисту ҳафт мард гирифтанд барои корҳойи амирӣ.
Ва Маҳкам, ки аз ақибгоҳи фронти Ҷанги ҷаҳонӣ баргашта буд, ва шиори «Бархезед, ситамдидагон! Вақти озодии мо расид!», дар гӯшаш нишаставу ба дилаш расида, ва ғалабаҳойи муздуронро бо чашм дида, ба ду деҳаи дигар, ба ҳамқисматонаш Адҳаму Раҷаб одам фиристонид, ки «биёед, як маслиҳат ҳаст!» Ва онҳо омаданд.
Маҳкам аз хона як намад гирифт ва рафтанду болотар аз деҳа, дар лаби чашма, густурданду нишастанд.
– Дар нияти худ устувор ҳастетон?– пурсид Маҳкам.
Ва нияташон чунин буд, – минбаъд фиреб намехӯрем.
Бас аст фиреб хӯрдан ва нолиш кардан! Мо аз онҳо чӣ камӣ дорем?! Дасту по надорем?! Лабу даҳон надорем?!
Ана дидем. Ситамкашон тахти ситамгаронро яксон карданд ба хок. Мо ҳам якдил шавем, ҳамон корро карда метавонем.
Дар роҳи баргашт ба Ватан аҳдашон ҳамин буд.
Ва Аҳмаду Раҷаб ҷавоб доданд:
– Устуворем!
Ва дар ду рӯзу як шаб ҳафтсад пиёдаву савора ғун омад, ки аз онҳо дусаду чил нафараш камони пилтабанд дошт, ва боқӣ табару шамшеру корду хода.
Ва дар ҳавлии анбор корвон ба сафар омода мешуд, – амалдорон мефармуданд ва ҳаммолон он ҳама бору бунаеро, ки ҷабран аз раъия гирифтанд, аз анбор бароварда ба хару асп бор мекарданд, ва садоҳойи рав, биё, те, гир, бар, мон, ва пойи одаму суми аспу хар ба ҳаво мепечид… Ва дар айни ҷӯши ин садоҳо аз беруни ҳавлӣ ғавғову ғалоғулае бархест азим, ва шӯру ғавғои даруни ҳавлиро пахш кард, – одами савораву пиёдаи арасоте гирди анборро печонида гирифт, ва пешсафҳо ба ҳавлии монанд ба корвонсаро даромаданд, ва амалдоронро асир гирифтанд, ва ҳаммолонро фармуданд, ки халтаву ҷуволҳоро фароварданду рах заданд, ва он бисту ҳафт нафаре, ки маҷбуран ба корҳойи амирӣ мерафтанд, ба онҳо пайвастанд, ва ғолибон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё