Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пурҳарорат гуфтанд, ва қасам хӯрданд, ки ба ҳар як террори сафед ба даҳ террори сурх ҷавоб хоҳанд дод. Ва ба хотири мақтул як шаҳр ва дар дигар шаҳрҳо як кӯча ва дар ҳар ҷо понздаҳ мактаб ва бисту се клубро ба номи ӯ гузоштанд, ва қарор бароварданд, ки ҳайкали вай сохта шавад. Бигзор номи ӯву кори ӯ абадуддаҳр дар дилу дидаҳо зинда бимонад!
Ва Хоҷаҳо барои мансабу мартабаву имтиёзҳояшон меҷангиданд, ки «бимирем, ба ҷаннат меравем». Хизматгорон ба хотири баробариву бародарии инсонҳо меҷангиданд, ки «бимирем, ному ҳайкаламон ҷовидона мемонад».
Ва он ваъда буд, ин воқеъият. Ва Воқеъият бар Ваъда ғолиб меомад.
Ва шарту шароити киштукор ва бофтану дӯхтан муҳайё набуд ва… Ва зимистону баҳор ба хӯрданиву пӯшиданиву сӯхтанӣ қаҳтӣ омад ва Ҳақбердӣ, ки «бӯ дорад» гӯён, гӯшти аспро намехӯрд, лашу луши анборро тагурӯ кард ва ду-се пора чарми куҳна ёфт ва ба дег андохта ҷӯшонд ва обашро чун шӯрбо ба табақ кашид ва бо аҳли аёлаш хӯрд; ва гуруснаҳойи Осиёи Миёна, ба умеди нони шикам ва либоси тан, муносиб ба шароити маҳал, ё ба сипоҳи Сурх пайвастанд ва ё ба қатори босмачиҳо даромаданд.
Ва сиёсатшиносони англис фол гирифтанд, ки агар чунин рафтан гирад ва сиёсати худмухторӣ ба интиҳойи мантиқиаш бирасад, худсарӣ ва хусумати хосу ъом ва нобоварӣ ва бетартибӣ ва бедодӣ ногузир авҷ мегирад ва хоҳу нохоҳ ин давлат маҳкуми заволу фано аст; ва ба ҷанги сухан гузаштанд, ва рисолаву китобҳо навиштанд.
Ва лордҳо аз Лондон ба гумоштаашон Эсертон дар Қошғар супориш доданд:
– Коре бикунед, ки пахтаи Осиёи Миёна ба Русия наравад.
Ва Эсертон дар Қошғар ва Бейливу Блаккер дар Тошканд нишастанду нақша кашиданд, – Русия аз Амрико ва Осиёи Миёна пахта мегирад, ва роҳи пахтаи Амрикоро бастан душвор нест, – флот пешашро мегирад ва гузаштан намемонад; ва нисфи аҳолӣ бекору саргардон шуд гӯед, ва нисфи дастовардҳойи Инқилоб барбод рафт гӯед, ва коргар аз деҳқону деҳқон аз коргар норизо шуд гӯед.

пешина
аз 435
навбатӣ