Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Бобомалики чӯпон чароғи милмилакашро, ки аз бобояш мерос мондааст ва як лаб сафоли пачақест, ки равғани андов меандохт ва пилтааш пахтаи тофта буд ва дуди талхаш чашму гулӯро месӯзонду нураш суроби одамро хира равшан мекард, берун бароварда партофт, – акнун вай чароғи лампа дошт, бо ҳавзи карасин, бо даставу сархонаву пилтаи бофтаву шиша; ва собуни зовуд фаровон шуд; ва барои маҳви бесаводӣ мактабҳои шабона кушоданд, ки «одами бесавод ба ҳукми кӯр аст», замони кӯр-кӯрона зиндагӣ кардан гузашт, халқи шӯравӣ бояд ки оқилона зиндагӣ карданро ёд бигирад, вагарна чӣ фарқ мемонад байни феодализму сотсиализм? Ва бачаҳои бепарасторро аз кӯчаҳо ғундошта ба сағирхонаҳо бурданд, ки харҷи хӯрдану пӯшидану хобидан ва таълиму тарбияш ба ӯҳдаи давлат буд; ва собиқ ҳаммолони зовуди пахтаву роҳи оҳан коргар ном гирифтанд, ва ба онҳо ҷои хоб доданд ва дар деворҳои бинои зовуд тиреза шинонданд, ки рӯшан бишавад ва ҳавокашак сохтанд, ки ҳавояш тоза бошад; ва …
Ва дар деҳаи Боғибаланд Азизмурод маҷлис гузаронд, маҷлиси камбағалон, ки иттифоқе мебоист барпо бикунад; ва маъракаи ташкили Иттифоқҳо дар авҷ буд ва аҳли ҳамагуна касбу кор дар иттифоқе аъзо мешуданд ва ба арсаи вуҷуд омад иттифоқҳои бофандагон, машкобон, аробакашон, саисон… Ва маҷлиси камбағалон дар масҷид ба як маъракаи ҳақталабӣ ва адолатхоҳӣ шабоҳат дошт, ки бо ҷӯшу хурӯш мегузашт, – «Хуб, иттифоқи ҷуфтгарон шуд, аз ин ба мо чӣ фойида?», «Кӣ ҳаққи аъзо шудан дорад ва кӣ не?», «То ин вақт ҳам мо ҷуфт мекардему ҳаштяки ҳосилро мегирифтем, минбаъд чӣ хел мешавад?», «Ман юғу омоч дорам, дигаре говрона ҳам надорад, ҳаққу ҳуқуқ фарқ мекунад ё баробар аст?»… Ва Азизмурод ба саволҳо ҷавоб дод, – ҷуфтгарон, ки муттаҳид шуданд, ҳақи худро ба замин, ба об, ба кор, ба ҳосил якҷоя ҳимоя мекунанд.

пешина
аз 435
навбатӣ