ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва хоҳ дар хона бинишинад, ва хоҳ ба кӯча барояд, ва хоҳ бедор бошаду хоҳ дар хоб, андаруни мағзи сараш диданиҳои имрӯза ва навиштаҳои он дафтарҳои куҳна паи ҳам меомаду чарх мезад ва муқоиса мешуд ва сарашу дилаш дард мекард, – ҳадафҳои бузурге доштанд Одамон! Ку он ҳадафҳо?! Бадин пастӣ, бадин ночизӣ!
1 Ва Замин дар ҷояш буд. Аммо замона тагурӯ мешуд. Ва Шамшер ҷанг мекард, – мардонаву номардона. Ва Пул, чун ҳамеша, саррофу ҷаллобу қаллоб дошт. Ва ба тагурӯ шудани замона дар Империяи Русия, ки вилояти Самарқанд тобеъи он буд, Азизмуроди Рӯзимурод, як марди авлод ба авлод ҳақиқатҷӯву адолатхоҳ, ки аз насл ба насл мехостанду меҷустанд, вале намеёфтанду саргардон ва овора мешуданд, бо майли хотир ва бо тақозои хислат, ба майдон даромад ва ҷон дареғ надошта барои хидмат ба ин ақида ва ба ин мубориза камар баст, ки «тартиби замонаро дигар бояд кард».
– Бидонед ва огоҳ бошед! – аз минбар муроҷиат кард вай ба тӯдаи коргарони зовуди пахта ва равған, ки ба тарафдории ҳокимияти шӯройӣ ғун омада буданд. – Замонаи куҳна балойи ҷони мову шумо буд, замонаи нав давойи ҷони мову шумо мешавад. Мову шумо агар низоми давлатдории куҳнаро решакан накунем, дониста бошед, ки навашро сохта наметавонем.
Ва ин шиору даъвати нав набуд. Сухани аз дил баровардаи Азизмурод ҳам набуд. Аз Петербург ва аз Москов омада буд. Ва Азизмурод варақа менавишт ва дар рӯзномаҳо мақола чоп мекунонд ва дар маъракаҳои коргару деҳқон ваъз мегуфт, ки «пеш аз ин коммунизм, яъне баробарии Шоҳу Гадо, афсона буд, як орзуи ширини дерина буд, ва аз рӯзе, ки қаламу дафтар вуҷуд дорад, Одамоне ёфт шудаанд, ки шикастани куҳна ва сохтани нав ва дидани як ҷомеъаи бародару баробари Инсонро мехостаанд ва дар хаёлашон он гуна шаҳрҳову мулкҳоро бунёд мекарданд ва дар китобҳояшон менавиштаанд, вале наёфтанду нагуфтанд, ки чунин ҷомеъаи Одилонаро кӣ месозад ва чӣ тавр месозад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё