Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва аҳолии ин мулки васеъ, ба ҳукми аксарият, картошкаро дар об ҷӯшонда бе намак мехӯрданд, – намак ёфт намешуд, ва кампираки сарфакоре як донаи гӯгирдро чор бӯлак карда, чор маротиба таҳдаргирон мекард, ва Раҳмонбой ғарамҳойи ғаллаашро намекушоду намекӯфт,
– хуб қимат шавад, баъд мекӯбаду ба фурӯш мебарорад…

10 Ва Мулло Абдураҳмон дар Бухоро садойи эътироз баланд кард:
– Дину диёнат хор шудааст. Куфри имон ба ҷойе расидааст, ки дар мадрасаи Мағора шабҳо чароғи карасинӣ дармегиронанд! Аҳли раҳмонро ба по хезонд, то ки бубанданд роҳи аҳли шайтонро!
Ва аҳли раҳмон ба по хестанд ва даъво пеш оварданд, ки «Чароғи карасинӣ ихтирои шайтон аст. Истифода аз он ҳаром аст». Ва наваду се ҳиссаи муллоҳойи аморати Бухоро даъвати Мулло Абдураҳмонро нек пазируфтанд ва ӯро тарафдорӣ карданд, ва ҳафт ҳиссаи дигарро, ки муқобил истода буданд, «шиъа ва ҷадид» гуфтанд, ва ҳукмашонро гузарониданд, – сӯхтани чароғи карасиниро нораво донистанд, ва дар масҷиду мадрасаву мазорҳо даргиронидани чароғи карасиниро қатъан манъ карданд; ва амиру вазир, ки ба даъвойи онҳо розӣ шуданд ва талабашонро қонеъ гардониданд, дӯғу пӯписаашон зиёд шуд, – кӯчаи шаҳрро сангфарш накунед!, гуфтанд. Санг зикр мегӯяд, таги по карданаш гуноҳ, гуфтаанд; ва устоҳойи урусро, ки нияташон аз заҳмати хоку лой халос кардани одаму аспу ароба буд, аз шаҳр бароварда пеш карданд. – Хоки поки моро ҳаром накунед!
Ва ҳолу аъмол дар аморати Бухоро чунин буд. Сесад сол пеш ба ҳамин донишу биниш умр ба сар мебурданд ва алҳол ҳам дониш ҳамон асту фаҳмиш ҳамон асту биниш ҳамон. Ва сесад сол боз чаҳор ҳокими аморат – амиру вазир ва қозиву раис дар хидмат ва гирифтори нафси худ буданд, ва хидмати кас ба ёди касе намерасид; ва ҳамеша бошарафон аз хидмати дарбор мегурехтанд ва бешарафон дум меликонданду таъзими заминбӯс ба ҷой меоварданд; ва китобхонаҳо тадриҷан нест шуд, ва мардум китоб намехонданд; ва наваду се ҳиссаи муллоҳо ба лафзи бегона мехонданду маънояшро намефаҳмиданд, ва дар мадрасаҳо аз тиббу табобат, аз илми обу замин, кишту боғ ва кону маъдан, дарс намедоданд; ва ҳар қавму қабилае, ки ваҳшитар ва хунрезтар бошад, ғолибтар ба ҳисоб мерафт ва низоми давлат ғафлату ғорат ва тохтутоз ва ҳараму каниз ва хӯрдану зино буд; ва сиёсати давлату ғояи миллат ба хурофот ғарқ шуд; ва рӯзгори халқ ба ҷойе расид, ки ҷавонмардони як деҳа як ҷомайи домодӣ доштанд, ки бо навбат ва сол ба сол мепӯшиданд, ва як хонавода як эзор дошт, ки бо навбат пӯшида кӯча мебаромад.

пешина
аз 435
навбатӣ