ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
нагирифт, ки нагирифт–матоъҳо қимматбаҳо буданд ва мардуми бепулу муфлис, қудрати харидани чунин молҳоро надоштанд; ва бозори бозоргон касод шуд, ва ӯ аз Бухоро фирор кард; ва Амир, дар ҳалқаи аҳли рикоб аз маврид ба маврид, лоф мезад:
– Дидед, ҳоли Амриддини ҳавобаланд чӣ шуд? Бо думи шер бозӣ кардан мехост!..
Ва Амир ба савдогарони рус муборакнома дод, ки дар мулки Бухоро, аз ҳар ҷое хоҳанд, ҳар қадаре хоҳанд, абрешим бихаранд. Ва ба уҳдаи Қушбегӣ гузошт, ки дар савдои онҳо ҳамаҷиҳата ёрӣ бирасонад.
Ва Амир аз шикасти Амриддин дар дил меболид ва аз шатранҷбозӣ, аз дегчапалавпазӣ, аз тамошои тагалҷанг дилгир шуд–тамошои дигаре мехост, ва ҳарчанд ки дар хона каси ғайре набуд, вай бо Ҳоҷӣ Тӯра гӯшакӣ кард; ва Ҳоҷӣ Тӯра ба ҳарам гузашт ва занаки далларо имо карда ба гӯшаи долон бурд ва дар гӯшаш пичиррос зад; ва лаҳзае пас Амиру Ҳоҷӣ Тӯра фойтунсавор аз Арк баромаданд, ва аз дунболи онҳо занаки далла як фойтун занро бор карда равон шуд.
Онҳо берун аз шаҳр ба чорбоғи Амир рафтанд. Амир дар умраш, ба фикри худаш, як ихтироъ карда буд ва ин ихтироъ бозии «дору пахш кун» ном дошт, ва пинҳонӣ дар боғҳо мегузаронд.
Зани далла занҳои фойтунро ба лаби ҳавз фуровард ва аз буттазор Амиру Ҳоҷӣ баромаданд, ки либоси шотирон дар бар доштанд ва ба занҳо ҳуҷум оварданд; ва занҳо, бо қиву чуви сохта ва хандаҳои баланд, титу парешон гурехтанду худҳоро ба чор тараф даруни буттаҳо заданд; ва суросур сар шуд. Буттаҳо аз қади одам баланд буд ва мардҳо аз паси занҳо медавиданд, ва занҳо реб дода руст мешуданд; ва шохи кадом буттае ҷунбад мардҳо ба ҳамон тараф ҳамла мекарданд, гоҳ аз дунби инаш метохтанду ва гоҳе аз паи ваяш. Занҳо қоҳ-қоҳ механдиданд, мардҳо ҳаросзанон нафас мекашиданд; ва Ҳоҷӣ Тӯра аз бари домони яке дошт, вай ҷилва карда реб дод, доман аз дасти Ҳоҷӣ раҳо шуд, ва онҳо мегаштанд гирди се-чор бутта, ва дасти Ҳоҷӣ гоҳ ба куртаи ӯ мерасиду гоҳ не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё