ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Фиребашон бисёр ин мардума. Ҳокимаш ҳам фиребгар, мардумаш ҳам. Агар ҳамин фиребгарӣ намебуд, имсол ҳоҷат ба пахтаи Миср ва Америка набуд. Муздурон бад кор карданд.
– Ба хислати инҳо сарфаҳм рафтан душвор. Дар сӯҳбаташон нишинӣ, аз ҳикмати зиндагӣ ва рисолати одамгарӣ сухан мегӯянд. Суханҳойи хуб ҳам мегӯянд. Лекин дар амал корҳойе мекунанд, ки ба он гуфтаҳо ҳеҷ рост намеояд. Ҳатто васияти бародару хоҳарашонро пос намедоранд.
Ятиме, ки аз онҳо мондааст ва сарпарастиашро ба инҳо супоридаанд, ғуломи худ мекунанд. Меросашро намедиҳанд. Соф мункир мешаванд. Боз ба он ятим миннат ҳам мекунанд, ки «ман набошам, чашмонатро зоғон кофта мехӯранд».
– Ман ҳам мушоҳида кардам, ки аз фойдаи муфт рӯ наметобанд. Табиат бисёр чизҳоро муфт додаст ба инҳо.
Офтоб, обҳойи равон, заминҳойи ҳосилхез анвои долу дарахт ва зироат… Як навъ ба муфтхӯрӣ хӯ гирифтаанд. Гумон доранд, ки фикри бисёр кардан даркор нест. Дигар чизҳо низ ҳамин хел осон ба даст меояд.
– Мардуми нодон гӯйӣ, дурӯғ мешавад. Вале ба доно гуфтан ҳам забон намегардад. Таваҷҷӯҳ карда бошед, барзгариро хело хуб медонанд. Аниқ медонанд, ки кадом замин чӣ хел ҳосил медиҳад. Ба кадом замин кадом кишт мувофиқ аст. Дар куҷо себ ҳосили нағз медиҳад ва дар куҷо зардолу… Лекин асбоби киштро такмил намедиҳанд.
Аз ин бобат фикр давондан нест. Ба будаш қаноат карда, бепарво мегарданд. Фароғатро нағз мебинанд.
– Пулро ҳам нағз мебинанд. Мехоҳанд, ки пули бисёр дошта бошанд. Аммо роҳи пулёбиро намедонанд. Ҷустуҷӯ ва талош ҳам намекунанд. Агар пул ёбанд, шоҳу гадо, дар сандуқ руст мекунанд. Дар замин гӯр мекунанд. Дар зарбулмасалашон мегӯянд, ки «пулро пул меёбад», дар рӯзгор пулашонро дуруст кор намефармоянд, ба муомилот намебаранд, ки пулашон пул ёбад. Дар сандуқ, дар таги хок бекор мехобад, мепӯсад, нест мешавад.
– Не, сарф мекардагиҳо ҳастанд. Лекин сарфи беҳуда, сарфе, ки фойда не, зарар мебиёрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё