ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Абдураҳими камбағал ҳавас кард, ки доро шавад, ва рафт ба бонк барои қарз гирифтан, ва забони русиро, ки намедонист, илтимос карду Азизмуродро ҳамроҳ бурд, ва дар бонк, бо ёрии Азизмурод, ба Абдураҳим фаҳмонданд, ки «гову асп дошта бошӣ, як кафил; бузу гӯсфанд дошта бошӣ, ду кафил; моле надошта бошӣ, се кафил мебиёрӣ»; ва Абдураҳим, ки чизе надошт, се нафар ба мисли худаш камбағалро зориву тавалло кард, ки кафили ӯ шаванд, ва онҳо розӣ шуданд, ва кафолат доданд, ки «Абдураҳим дарвоқеъ бебизоат, ба ёрии бонк эҳтиёҷ дорад», ва ҳамаи ин давутоз як даста қоғаз шуд, ки арбоб ва волостной тасдиқ бояд мекарданд; ва дар охири сол Азизмурод аз ҳисоботи солона хонд, ки «арбобу волостной ба ҳамин ёрии бонк чашми тамаъ дӯхтаанд, ва ҳуҷҷати камбағалонро имзову мӯҳр монда, ба соҳибонаш надоданд, ва як рӯйхати дароз сохта, аз номи бебизоатон ариза навишта, се кафили холис ёфта, ҳар чӣ қадар маблағе, ки дар бонк барои ёрӣ ба камбағалон будааст, ба номи хешу таборашон гузаронида, худҳошон гирифтаанд, ва волостной ба он пул, дар сарҷӯе кӯшку боғе сохтааст, ва арбоб се рӯз тӯю тамошо дода, дар болойи ду зан, зани сеюм гирифтааст…
Як сӯ кору як сӯ фиреб, ва ба ҳар ҳол, он сол аз пахта ҳосили хуб гирифтанд, – аз Осиёи Миёна ҳабдаҳ миллиону дусаду ду ҳазор пуд пахта ба фабрикаҳойи бофандагии Русия рафт, ки дар муқоиса ба панҷ соли пеш, қариб дуним баробар зиёд буд; ва Ананев, ки дар Шеробод ҳафтоду ҳашт ҳазор гектар замин дошт ва Андроников, ки аз чӯли Қаршӣ бисту ҳафт ҳазор гектар замин гирифта буд, сари роҳ як шаб дар Қаршӣ хоб рафтанд, ва ҳокими Қаршӣ ба шарафи ҳузури онҳо зиёфат дод, – аз Самарқанд роҳаткурсӣ ва мусаласи панҷсола овард, ва танҳо аз кабоб чор хелашро рӯйи дастархон гузошт, – думғозабирён, қабурғашашлик, танӯркабоб, ва гӯшти серкаи дампаз; ва онҳо рӯзи дигар, дар коляскаи сеаспа, дар роҳи Самарқанд, дидаву шунидаҳояшонро ба якдигар ҳикоя карданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё