ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ҳамсоя аз ҳамсоя панд гирад, ҳамкор аз ҳамкор, – Раис ҳам аз Қозикалон ибрат гирифт, – Амирро хурсанд кардан даркор то лаззати мансаб бубинӣ!; ва Раис дар рӯзи анҷоми базм хабар дод:
– Навбатро ман мегирам, ва агар Амир рухсат бидиҳанд, ба ҳамаи шумо, дар ҳамин боғ, даҳ рӯз зиёфат медиҳам; Ва Амир, бо имои сар, рухсат дод; ва нидоҳои шодмонӣ баланд шуд; ва Шоир дигар тоқат карда натавонист, ва хидмати дарборро пушти по зад, азбаски дасту пои эътиқодаш аз замину осмон канда шуд, шаб ҳама шаб шеър навишт ва рӯзона ба муҳандис Дӯстмурод фиристонид:
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад?..
Муҳандис аз хондани ин байт ба ваҷд омад ва ин ваҷд хеле риққатолуд буд ва дардаш ба дилаш нағунҷид, ва одам фиристода Рӯзимуродро ба хона овард ва варақи коғазро ба дасташ дод:
– Хонед, бо овози баланд хонед.
Рӯзимурод сари хонтахта чорзону нишаст ва қироъат кард:
…З-ин сон, ки хоҳиши даҳр ҷуз шӯру шар набошад,
Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад,
Сӯди матоъи дониш ғайр аз зарар набошад,
Одам касе нахонанд онро, ки хар набошад.
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад?...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё