Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя

ӮРУН КЎҲЗОД

На мардист, душман дар асбоби ҷанг,
Ту мадҳуши соқиву овози чанг!
Басо аҳли давлат ба бозӣ нишаст,
Ки давлат бирафташ ба бозӣ зи даст!
Саъдии Шерозӣ

Дафтари якум

ҲАМОҚАТ ДАР АМОРАТ

ОБИ НАҲР МЕСӮХТ

Алангаи нозуки оташ, бо ранги нилобиву офтобӣ ва забонҳои ноҳамвор–пасту баланд ва дарозу кӯтоҳ, рӯрӯйи оби калон ва ҳамвор ва ором, рақс мекард.
Дилмурод аз болохона, аз паси тирезаи пӯшида, ба сӯхтани об менигарист. Ва танкеро дид, ки сари канал, хоку санги роҳро газида, пош дода, ғубори анбӯҳе ба ҳаво бардошта, меояд…
Дар берун ҷанг буд.
Дилмурод аз назди тиреза дур рафт ва дар дил, бо қаҳр ва дарду алам гуфт: «дар ватани мо ҷангҳои бемаънӣ бисёр шудаст, вале аз ин ҷанг бемаънитараш набудааст».

1 Ба арки Бухоро, ба қасри Амир, ду гаҳвора оварданд – як гаҳвораи тиллокорӣ ва як гаҳвораи нуқракӯб. Ва даҳ рӯз боз – аз рӯзи фармудан, то ба рӯзи овардан,– дар боргоҳ, дар ҳарам ва роҳравҳо фақат аз ин хусус сӯҳбат мекарданд, гӯё ки дар аморат дигар гапе набуд. Ҳатто Амир ба ҳокимон ва дигар аҳли дарбору мулозимон, ки ба салом омадаанд ва ин маросими салом, ки асосан аз овардани пешкашҳо иборат буд, дар ин муддат бор надод:
– Тӯҳфа ва пешкашҳоро гиред, ба худҳошон бигӯед, ки мо корҳои заруртаре дорем. Аз сари ҳафтаи оянда биёянд.
Саломпазмонҳо меомаданд, интизор мешуданд ва пешкашҳои овардаашонро месупориданду мерафтанд ва дар Арк тараддуду ташвиши гаҳворабинӣ ҳамаи дигар корҳои давлатдориро балъида буд.

аз 435
навбатӣ