ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
«Муллоҳасан.
Тағот мана пеш кард. Рав гуфт.
Ман меравам. Ба қишлоқамон.
Хонаи Шокир-ако нарафтам. Рӯм нашуд. Худат медонӣ-ку.
Хайр, уко. Мебахшӣ».
Ман бо дастони ларзон пушти коғазро гардонида дидам, ки он ҷо ҳам ду-се калимаи дигар навишта шудааст:
«Муллоҳасан.
Ягона дӯсти ман ту будӣ.
Ман туро ҳеҷ вақт аз ёдам намебарорам. Ту ҳам гоҳгоҳ ёд карда ист мани бекаса.
Хайр, укоҷон».
Муддате коғаз ба даст дар ҷоям шах шуда истодам.
Мисоли барқе, ки як лаҳза тофта, сар то сари осмони тираро чун рӯз равшан мекунад, ин коғаз тамоми воқеаро ба назари ман аз аввал то охир аён кард.
Вақте ки Қосимҷон хабари нотобии тағоиямро шунида бозгашта ба чойхона омад, тағоиям ӯро аз пешаш наронд, балки баръакс, ба ӯ забони хуш нишон дод, меҳрубон шуд, чунки мехост, ки Қосимҷонро аз ягона одами ғамхораш, яъне аз Шокиртароша ҷудо кунад. Чун дид, ки дар ин кор пурра ба мақсадаш расидааст ва Қосимҷони бечора дигар дар тамоми Зарчашма ягон паноҳгоҳе, ягон парасторе надорад, бе ҳеҷ ибо ӯро бароварда пеш кард. Пухтакориро бинед, ки ӯ ҳатто масъалаи маро ҳам фикр карда, мабодо монеъ нашавад гӯён Қосимҷонро дар набудани ман бароварда фиристодааст.
«Қишлоқашро ёд кардааст, ҷавоб гирифта рафт...»
«Морбоз» гуфта буд як рӯз Шокиртароша тағоиямро.
Ҳақиқатан морбоз будааст ин тағоии ман, морбоз!.... Чӣ тавр ман ӯро дӯст медоштам, ҳурматаш мекардам, аммо ӯ...
Ногоҳ ба худ омада, тирвор ба замин фаромадам ва давида рафта дари хоначаро тела додам. Дар аз дарун баста буд. Даст бардоштам, ки дарро кӯбам. Аммо дастам худ аз худ паст шуд, ман якбора сусту беҳол шуда, бо китфам ба сутуни дар такя кардам.
Чӣ лозим? Аз ин кори ман фоидае мерӯяд магар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё