Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Тағо, – гуфтам ман оҳиста ва аз шаккокии худ хиҷолат кашида, – тағо, мабодо-ку, Қосимҷона худатон ҷавоб надодед? Он рӯз ба вай «баро, рав» гуфта будед, охир...
Вале Абдулатиф-тағо сухани маро бурида бо озурдагӣ гуфт:
– Як гап задам ба мастӣ, ба қабчуқат бубастӣ! Он рӯз як шуда монд-дия, ҷиянам. Наход ба гапи ман бовар накунӣ?
– Пурсидам-дия, тағо... – нафаси дарозе кашида гуфтам ман дар ҷавоб.
Бо ҳамин дигар на ман аз ваҷҳи Қосимҷон гап кушодам, на тағоиям.
Гумон кардан мумкин буд, ки ин ҷо Қосим ном касе набуд, танҳо як хобу хаёле буд, ки омаду рафт.
Аммо ҷои холии сандуқи кирмхӯрдаи безанҷири ӯ, ки чангу ғубори тагаш ҳанӯз нарӯфтагӣ меистод, бо забони ҳол мегуфт, ки не, Қосимҷон, ном як бачаи бехонумон ва ғарибу дилшикастае чандин ҳафтаву моҳро дар ҳамин ҷо, дар ҳамин даргоҳ гузаронд, бо умед хизмат кард, аммо мукофоте надида боз ёди ватани номеҳрубонашро карду баромада рафт...
Ман аз рӯи одоб боз андак дигар нишастаму баъд аз ҷоям хестам, ки рафта хоб кунам.
Мисли ҳарвақта бо як даст гурми калони танаи харсеб ва бо дасти дигар нӯги берунбаромадаи болори хоначаро дошта, ба миёнаи душохаи дарахт баромадам ва аз он ҷо худро бар болои бом гирифтам.
Кӯрпа-бистари ману Қосимҷон ҳамеша дар ҳамин ҷо, дар сояи шохи барги харсеб лӯла кардагӣ меистод. Аммо акнун ин ҷо танҳо як кӯрпаи ман боқӣ мондааст...
Оҳиста кӯрпаро кушодам.
Болиштро дуруст мемонам гуфта будам, ки дар таги он латтапораи сафед барин як чиз ба назарам тофт. Гирифта бинам, чизе навишта шудагӣ. Давида лаби бом рафтаму дар рӯшноии чароғи шифти чойхона, ки ба "лаби бом наздик буд, коғазро аз назар гузаронидам.
Коғаз аз лӯндаи нимқадоқаи чой канда гирифта шуда, дар рӯи он бо ҳарфҳои калон-калони каҷу килеб чунин навишта шуда буд:

пешина
аз 130
навбатӣ