ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аз тарс чашмонамро маҳкам пӯшида гирифтам. Дилам қариб буд, ки аз бандаш канда шавад. «Наход партояд? Наход партояд?» мегуфтам худ ба худ.
– Партоям? Партоям? – гӯён боз баландтар ханда мекард коргар.
Намедонам, ин азоб чӣ қадар давом кард. Ман гӯё аз ҳуш рафта будам.
Чашм кушода дидам, ки дар рӯи замин истодааму Вася-амак он коргарро сарзаниш мекунад.
– Ин чӣ номаъқулӣ? – мегуфт ӯ, – қизиқӣ ҳамин тавр мешудааст магар?
Аммо коргар ба гапҳои Вася-амак эътиборе надода, бо ҳамон табассуме, ки аз ханда дида, ба заҳрханд наздиктар буд, ба ман рӯ овард:
– Хуб тамошо кардӣ? Чӣ хел будааст?
Мани бечора, ки мунтазири чунин муомила набудам, дар лаҳзаи аввал гаранг шуда, гӯшам ҷарангос мезад.
Ман ҳайрон-ҳайрон гоҳ ба Вася-амак нигоҳ мекардам, гоҳ ба он коргари мулоимхунук.
Аммо баъд аз дақиқае ба худ омадам, ҳатто ба коргар чизе гуфтанӣ шуда даҳон кушодам, вале овозам набаромад. Ба ҷои ин як табассуми зӯракӣ ва оҷизонае карда, қафо гаштаму ба сӯи дарвозаи шахта равон шудам. Сарам хам ва қадамҳоям суст буд.
Он рӯз тамоми рӯз хаёлам ба ҳамин воқеа банд буд.
Худро тасаллӣ дода мегуфтам: «Хайр, одами қилиқхунук будааст-дия! Ба тавре шӯхӣ карданӣ, маро тарсонданӣ шуд». Аммо дилам гувоҳӣ медод, ки ин шӯхӣ набуд, чизи дигар буд.
Ман нағз мефаҳмидам, ки агар ба ҷои ман, яъне ба ҷои «ҷияни чойхоначӣ, ки мевафурӯшӣ мекунад», ягон бачаи дигар, бачаи ягон ҳамкасби худаш мешуд, он коргар ин тавр шӯхии хунук намекард.
Ин гуна воқеаҳо бисёр рӯй намедоданд, аммо, ба ҳар ҳол аҳён-аҳён рӯй дода меистоданд.
Ҳар дафъа, баъд аз чунин ҳодисаи нохуш, ман ду-се рӯз хаёлӣ ва димоғсӯхта, ё худ, чунон ки дар тарафҳои мо мегӯянд, «пашмалоғдум» шуда мегаштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё