ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Ҳамин қадар тоза мекунем, боз мебарояд ин об, – гуфт Вася-амак.
Садои ғарросие, ки пеш базӯр шунида мешуд, акнун то рафт пурзӯр мегардид.
Аз пеш боз як хамгашт баромад.
Аз хамгашт гузашта будем, ки ногоҳ дар пеши назар як дастгоҳи чоркунҷаи хонамонанде намоён шуд.
Дастгоҳ аз ғӯлачӯбҳои ғафс-ғафси мазбут сохта шуда буд. Дар болои дастгоҳ ғарғараи электрикӣ шинонда буданд. Ғарғара аз таг, аз кадом як ҷои чуқуре сатили калонеро, ки аз санг пур шуда мебаромад, боло мекашид.
Коргаре, ки дар назди дастгоҳ, як пояшро дар зарчӯби он монда меистод, сатилро хам карда, ба вагонеткаҳо холӣ мекард. Сатили холӣ боз поён мерафту дар баробари поён рафтани он сатили пури дигаре боло мебаромад.
Дар назди дастгоҳ боз як коргари дигар меистод, ки вагонеткаҳои пуршударо пеш-пеш аз назди дастгоҳ дуртар ронда, ба ҷои онҳо вагонеткаҳои холиро кашида меовард.
Шамоли сарди ҳамешагии шахта аз чаҳи зери ғарғара мевазидааст.
Вася-амак аробачаро ба наздикии дастгоҳ бурда, қоматашро рост карду ба коргарон салом дод.
Коргаре, ки бо вагонеткаҳо сару кор дошт, бо сараш ба тарафи ман ишора карда аз Вася-амак пурсид:
– Ин каллакалон бачаи кӣ? Хеш-пешат намешавад?
– Не, – гуфт ба аломати рад низ сар ҷунбонда. Васяамак. – Ҷияни чойхоначӣ, мева фурӯхта мешинад-ку.
– Ҳо-о... – гуфт коргар, – шинохтам, шинохтам, – ва ба ман рӯ овард.
– Даруни шахтаро мебинӣ? – таклиф кард ӯ бо табассум, аммо ман дар табассуми ӯ як чизи таҳдидомезеро дидам, ки хандаашро ба заҳрханд монанд мекард.
– Мебинӣ? – такрор кард ӯ ва ба ҷавоби ман мунтазир нашуда, ногоҳ аз гиребони паси гарданам ва аз як поям гирифта маро озод бардошту бар болои чоҳ хам кард.
– Партоям? Партоям? – гӯён боз баланд қаҳқос зад коргар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё