ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Пас чаро ман ба Абдулатиф-тағо ҳамаи пулро медиҳам? Чаро як миқдорашро ба худам гирифта намемонам? Хусусан дар шаҳр, ки Абдулатиф-тағо нест ва ба чанд пул чиз фурӯхтани маро намебинад? Охир, пул-пули худам-ку?
Дар натиҷа дар як муддати кӯтоҳ ман рустӣ аз тағоиям бештар аз панҷсад сӯм пул ҷамъ кардам ва ин пул рӯз аз рӯз зиёд мешуд.
Аммо ҳирси пул, ки дар дили ман пайдо шуда буд, то рафт пурзӯр мешуд, маро то рафт бештар ба худ ҷазб мекард.
Аввалҳо ман аз фоидаи савдои шаҳр бисёр кам «мезадам», ҳар дафъа зиёдаш панҷоҳ-шаст сӯм пул руст мекардам, вале иштиҳои ман рӯз аз рӯз калонтар шуда, ҷуръатам меафзуд. Ман қарор додам, ки акнун дар ҳар шаҳр рафтанам бояд камаш сад сӯм «занам».
Аммо ман эҳтиётро фаромӯш карда, иштиҳои худро хеле калон сар дода будаам. Аз афти кор, Абдулатифтағо аз фиреби ман пай бурдааст.
Ман гоҳ-гоҳ ба шаҳр ба ҷои орду нон карасин ҳам мебурдам. Дар Чорчинор карасин хеле камчин буд, аммо дар Зарчашма карасинро озодона, ба нархи арзон харидан мумкин буд. Дуруст аст, ки карасинро танҳо ба коргарон мефурӯхтанд, вале Абдулатиф-тағо ин тарафи корро ба осонӣ ҳал кард.
Рӯзе ман шаҳр рафта истода, як човаи бистлитраро аз карасин пур карда гирифтам.
Дар шаҳр нархи карасин одатан аз сӣ сӯм боло намебаромад. Ман ҳар дафъа карасини худро ба нархи бозор нигоҳ карда мефурӯхтам.
Аммо ин дафъа кор дигар хел шуд.
Аз дарвозаи калони бозор даромадан ҳамон ба кунҷи аз ҳама дуртари бозор, ки ҷои карасинфурӯшӣ ҳамон ҷо буд, нигоҳ партофта, дидам, ки дар он ҷо касе нест.
Дар лаҳзаи аввал хурсанд шудам, ки карасинро зуд фурӯхта тамом мекунаму барвақттар ба хона бармегардам.
Аммо панҷ-шаш қадами дигар намонда, ба сарам фикре расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё