Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар дил, ки орзӯе пайдо шуд, кас мехоҳад онро ба рӯи об барорад.
Ман ҳам аз паи орзӯи худ шудам.
Аввалин чизе, ки дар роҳи иҷрои ин орзу кашф кардам, ин буд, ки чаро аз Зарчашма ба шаҳр бо дасти холӣ меравам, чаро фоидаро ду баробар карда, аз ин ҷо ҳам ягон чизи даррав, ягон чизи бозоргир бурдан мумкин нест?
Дар Зарчашма, ки тақрибан ҳамаи коргарон дар корҳои вазнинанд ва нону паёкашон калон аст, ба нархи арзон орду нон ёфтан мумкин аст. Дар ин бора бо Одилмагазинчӣ гапзанон кардан лозим. Вай ҷӯраи Абдулатиф-тағо аст, албатта «не» намегӯяд.
Чанд рӯз пеш Абдулатиф-тағо ба як қишлоқи боло рафта, махсус барои оши палав гӯён ба нархи арзон як чова пур равғани чормағз гирифта омада буд. Ин ҳам – пул.
Боз агар кас фикр кунад, чизи серфоида бисёр аст.
Вақте ки ман ин нақшаи худро ба тағоиям арз кардам, хурсандии ӯ ҳадду андоза надошт.
– О ҷиянам, о ҷияни худам, шери тағо! – мегуфт ӯ бо ҳаяҷон мӯйлабашро даст-даст карда. – Кор ана ин хел шудааст, боракалло! Қандата зан, ҷиянам, офарин! – ва ваъда дод:
– Бо Одил ҳам ман худам гапзанон мекунам, равғанро ҳам ман худам ёфта медиҳам. Ту фақат бурда лояшро гирифтан мегирӣ!
Баъд аз ин ман аз Зарчашма ҳам албатта ягон чиз гирифта мерафтагӣ шудам.
Ин кашфиёт ба ман боз як кашфиёти тоза овард.
Як-якуним моҳ нагузашта боз якуми сентябр меояду мактаб сар мешавад ва ман дигар Зарчашмаравию мевафурӯшӣ карда наметавонам. Абдулатиф-тағо барин як одамро фиреб додан, албатта, кори хуб нест, аммо, охир, агар ҳамон гӯсфанду сарулибоси нави маро ҳисоб накунем, вай дигар чизе харида надодааст, балки баръакс, мегӯяд, ки ба пули ман қоқ харида монданист, ки дар зимистон ба фоидааш фурӯхтан мумкин. Ғайр аз ин тағоиям як одати бад дорад, ки ҳеҷ вақт ба дасти ман пул намедиҳад.

пешина
аз 130
навбатӣ