ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Вай занак набуд, як балои азим буд, балои азим!.. Баҳору тобистон рӯзам як навъ мегузашт, гову гӯсфандро гирифта ба чаро мебурдам, то шом афту андоми он девзанакро намедидам. Лекин зимистон, ки шуд, худо мезад...
Ҳамсояҳо ба ман раҳмашон омада, ба янгаам мегуфтанд, ки маро ба онҳо диҳад, лекин вай ҷиннӣ ба ин ҳам розӣ намешуд: ҳарчи ҳам бошад, амакам зинда истода ба дари ягон ҳамқишлоқии худамон рафтани ман барои онҳо ору номус буд… Баъд, даҳ-ёздаҳсола шуда будам, ки амакам мурд. Вай худаш як одами серкасалии нимҷонакак буд, аммо вақтҳои охир аҳволаш тамоман бад шуда, шамъ барин об мешуд. Худо худаш медонад-ку, лекин, ба фикри ман, амакамро занаш ба гӯр бурда тиққонд.
Баъд аз мурдани амаки Қосимҷон янгааш ба як қишлоқи дигар шавҳар карда рафтааст ва Қосимҷон сечор сол ба дари одамони бегона хизматгор шуда гаштааст.
– Як рӯз, – нақлашро давом дода мегуфт Қосимҷон, – гӯсфандҳоро аз чаро оварда, даҳани қӯтанро1 хор мемондам, ки як зани ношинос давида омада, бо доду фиғон худашро ба гардани ман партофт. Он зан апаи ман будааст. Ман шунида будам, ки як апа дорам, шунида будам, ки ӯ дар як қишлоқи дур, дар хонаи як хеши худамон зиндагӣ мекунад, лекин баъд аз сари падару модарам ягон бор ҳам ӯро надида будам ва ҳатто дуруст намедонистам, ки ин гапҳо рост аст ё не... Апаам аз ман дида батолеътар будааст, ба дасти одамони дуруст афтодааст.
Онҳо апаамро ҳатто ба мактаб хонондаанд (қишлоқи онҳо хеле калон буда, мактаб ҳам доштааст). Вақте ки ба қад расидааст, ба як муаллим тӯй карда додаанд. Акнун апаам омада буд, ки маро ба хонаи худаш гирифта барад.
Қосимҷон дар хонаи апааш аввалин бор дар умри худ меҳру муҳаббати беғаш ва ғамхориву парастории ҳақиқиро дидааст. Язнаи Қосимҷон одами хушфеълу хӯй ва меҳрубону ятимпарвар будааст. Қосимҷонро, ки син-
- Кӯтан – дар баъзе ҷойҳои кӯҳистон, аз ҷумла дар Масчоҳ қӯраро мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё