ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар сари ҳар қадам ягон чизеро дучор кардан мумкин буд, ки аз ҷанги дур хабар медод...
Дар пеши назарам қомати баланд, кифтҳои паҳн ва чашмони меҳрубононаи падарам намудор гашт. Ҳар рӯз баъд аз кор аз фабрика омада, «Ҳасан, рафтем...» гӯён бо дастони калон-калони равғанолуди худ аз дасти ман гирифта, ба ҳамин дарё ба оббозӣ бурданҳояш, ҳамроҳи ман дарс тайёр карданҳояш (дар мактаби ғоибона мехонд), шӯхикунон бо ман гӯштин гирифтанҳояш ба хотирам омаданд.
Рӯзи дуюми ҷанг ӯро ба вокзал бароварда гусел кардем. Вай модарамро, ки беист гиря мекард, тасаллӣ дода мегуфт, ки беҳуда замини вокзалро об назанад, вай дере нагузашта гашта меояд, мегуфт, ки ҷанг зиёдаш дар ду-се моҳ тамом мешавад. Аммо аз он рӯз ҳоло ду соли дароз мегузараду аз охири ҷанг дарак нест. Ин ҳама ғами дуриву фироқ кам набуд, ки боз се моҳ ин тараф аз падарам мактуб намеояд. Кай тамом мешуда бошад, боз чӣ қадар давом мекарда бошад ин ҷанги хонумонсӯз?
...Бозори қадимии тимдори Чорчинор аллакай аз одам пур шуда буд, раставу растачаҳои бозор аз меваю савзавот лаболаб шуда, дар сар то сари бозор як ғалоғулаи номафҳуми ҳазороҳанге ҳукм меронд, ки ғув-ғуви орухонаро ба хотир меовард.
Ман аз паси тағоиям қадам монда, ба чаҳор тараф чашм медавондам.
Як пирамарди ришдарози салладор дар болои хараш нишаста, пиёзи кабуд мехарид.
Зани тануманди мӯзапӯше, ки писараки пахмоқмӯяш аз доманаш маҳкам дошта гирифта буд, сатили калонеро ба рӯи раф монда, гелос савдо мекард.
Дар сари помидори навбаромад одами бисёре чамъ шуда буду лекин фурӯшандааш бекор, ду дасташро ба бағалаш тиққонда менишаст. Аз афти кор, ӯ ба молаш қиммат нарх монда буд.
Дар як гӯшаи хилваттари бозор, дар мобайни ду дӯкончаи обфурӯшӣ, ки ҳозир маҳкам буд, як марди ҷавони олуфталибос, ки беором ба гирду пешаш нигоҳ мекард, ба зани фаранҷидоре, ки танҳо дастонашро аз фаранҷӣ берун бароварда буд, намунаи чизеро нишон дода, пичир-пичиркунон тез-тез гап мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё