ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Вале барои мо, бачагон, дарё як давлати бузург аст.
Бисёрии умри мо дар лаби дарё мегузарад. Мо дар дарё оббозӣ мекунем, аз дарё моҳӣ мегирем. Фурсат, ки ёфтем, ба лаби дарё медавем...
Ман аз фикру хаёл ба худ омада, оҳиста ба пеши модару тағоиям рафтам. Дилам як қадар хиҷил буд. Медонистам, ки тағоиям ба ман дӯғу даранг намекунад, ба сарам фарёд намезанад, аммо, охир, ин дафъа гуноҳи ман аз шӯхию беодобии оддии бачагона басе зиёдтар, басе вазнинтар буд.
Дар ҳақиқат тағоиям маро бисёр ғам надод. Вақте ки ман аз паси кунҷи хона баромада, ба ҳардуи онҳо салом додам, тағоиям ба саломи ман алек гирифту ба ман аз паҳлӯи худ ҷой нишон дод ва баъд бо мулоиматӣ пурсид:
– Куҷо рафтӣ, ҷиянам?
Ман аввал як қадар шарм дошта, баъд хеле далер шуда саргузашти худро як ба як гуфта додам.
Тағоиям маро андаке коҳиш карду баъд дуру дароз хаёл карда монд.
– Ҷиянам, – гуфт ӯ дар охир бо оҳанги нарму дӯстона, вале ҷиддӣ, – ман ба ту панду насиҳат хонданӣ нестам.
Лекин худат дида истодаӣ, ки аз дадот – илоҳо, зиндаю саломат бошад – се моҳ боз хату хабар нест, модарат бошад, як муштипар зан, ба нӯги сӯзан дег меҷӯшонад...
Ту акнун бачаи хурд не, худоба шукр, ба сенздаҳ қадам мондӣ, пастию баландии дунёро фарқ мекардагӣ шудӣ.
Акнун мебояд, ки ту ҳам як пои гӯсола шуда, ба модарат ёрӣ диҳӣ, сари ягон касбу корро гирӣ... Дар ёдат ҳаст, дадот дар як хаташ чӣ гуфта буд? «Писарам, Ҳасан, сардори хона акнун ту ҳастӣ, ба модарат ёрмандӣ кун, аз гапаш набаро» гуфта буд, дадот... Дигар бачаҳоро бин, ғалтанд – заминро газида мехезанд. Ҳаракат мекунанд, ки як тинашонро ду тин кунанд, коре кунему ба хона ёрдам шавад мегӯянд... Ҷиянам, ту дар хона хоб будию ману модарат камтар маслиҳат кардем... Биё, бозию кинои бефоидаро мону аз паи ягон кори бафоида шав. Маслиҳат ҳамин шуд, ки ҷиянам, ман ба ту камтар пул диҳам, ба ту дастмоя шавад: ту аз ин ҷо мева харида ба Зарчашма бар. Агар шунида бошӣ, Зарчашма як ҷои кӯҳистон аст, мева намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё