ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аммо ман, аз афти кор, бачаи бадаступо нестам, ки аз полиз ғайр аз ду-се бех помидору як ғарам алафи бурган дигар чизе рӯёнда наметавонам.
Дар таги тирезаи хона, дар тарафи чапи дари даҳлез як суфачаи пастакак ҳам ҳаст, ки рӯяшро ҳар баҳор худам бо каҳгил андова мекунам. Ҷои нишасти мо ҳам аксари вақт рӯи ҳамин суфача аст.
Рӯи ҳавлиамон – бисёр хурд: дар рӯи ҳавлии мо футбол он тараф истад, ҳатто ламкабозӣ кардан душвор аст.
Лекин хоки нармаш барои буҷулбозӣ хеле боб аст.
Маҳаллаи мо, ки дар қисми кӯҳнаи шаҳр воқеъ шудааст ва ҳавлиҷоҳои хурд-хурди он чунон ба ҳамдигар тиққида рафтаанд, ки ба замин пой намонда, бом ба бом гузашта, бемалол ба кӯчаи калон рафта фаромадан мумкин аст. Аммо дар ҳар маҳалла албатта як-ду ҳавлии калони боҳашамат низ мешавад. Дар маҳаллаи мо ҳам чунин як ҳавлӣ ҳаст, ки он ҳавлии Арслоналихонтӯра мебошад. Ин ҳавлӣ аз ҳавлии мо се-чор бор калонтар аст ва айвони баланди ёздаҳболорааш дар паси полизи мо воқеъ шудааст, ки девори ақибаш ба тарафи мо нигоҳ мекунад. Айвони Арслоналихонтӯра хеле баланд аст, бинобар ин офтоб ба полизи мо ягон соат дертар мефарояд.
Худи Арслоналихонтӯра кайҳо хоку туроб шуда, аз ӯ Султоналихон ном як писар мондааст; ин ҳамон ҳамсояи мост, ки маро «бедаступо» гӯён таъна карда буд. Вай дар ҳамин айвон ва як хонаи дигар зиндагӣ мекунад. Хонаву хоначаҳои дигарро ҳукумат ба коргарони фабрикаи бофандагӣ додааст. Султоналихон як марди сӣ – сивупанҷсолаи қаддарози пешонадӯнгест, вай зану бача надорад. Мо, бачагони маҳалла, ӯро нағз мешинохтем ва ҳатто бисёр вақт ӯ сабаби дилхушии мо мешуд; Султоналихон арақхӯри калон буд ва қариб ҳар шаб маст шуда меомад. Ҳамин ки дар сари кӯча қади дарози ӯро дидем, бағаламонро аз сангу кулӯх пур мекардем ва поида меистодем, ки кай ӯ ба зери пояш чашм дӯхтаву калавида-калавида ва худ ба худ ғурунг-ғурунг карда аз пешамон мегузарад. Баъд сар мешуд «бомбардимон». Султоналихон дарди сангу кулӯхҳои нахустинро ҳис карда, бозмеистод ва ба тарафи мо хира-хира нигоҳ карда, дашном медод, аммо дар ҷавоби дашномҳои худ танҳо хандаву ҳой-ҳуи моро мешуниду боз чанд ҷои баданаш аз сангу кулӯх кабуд мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё