Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Режиссёр аппараташро ба тарафи мо рост карда, ба Айнӣ гуфт, ки ба китоби ман чизе навишта диҳад. Ман китобро дарҳол ба дасти устод додам.
Айнӣ муқоваи китобро кушода, дар саҳифаи аввалини он як-ду ҷумла навишта дод. (Он китоб ҳоло ҳам дар дасти ман аст ва аз устод як ёдгории пурқимат шуда мондааст).
Баъд режиссёр ба ман гуфт, ки аз Айнӣ чизе бипурсам.
Ман ҳам фурсатро ғанимат дониста, аз устод пурсидам, ки портрети қаҳрамононро чӣ тавр додан беҳтар аст: якбора ва ё кам-кам дар рафти воқеа?
– Қаҳрамони асосӣ бошад, – гуфт Айнӣ, – беҳтар мешавад, ки портреташро дар рафти воқеа тасвир кунед, аммо агар қаҳрамони камаҳамият бошад – портрети ӯро дар як ҷо диҳед, – ва ногоҳ дигар ба «киночиҳо» аҳамияте надода, бо хеле оташинӣ ба гап сар карда гуфт:
– Ба наздикӣ ман як ҳикояатонро хондам, шумо дар як асари хурд ду бор такроран гуфтаед, ки «дар вақти хандидан дандонҳояш намудор мешуд». Ин хел нашавад, бародар!
...Айнӣ метавонист бо як-ду суханони камаҳамияте хоҳиши режиссёрро қонеъ созад, аммо нависандаи ғамхор дар ҳамин гуна маврид ҳам кӯшиш мекард, ки аз ӯ ба мардум фоидае бирасад...

ДАР МЕҲМОНИИ АЙНӢ

Миёнаҳои соли 1953 буд, ки устод Айнӣ рӯзе нависандагони шаҳри Душанберо ба меҳмонӣ ҷеғ зад.
Айнӣ бардам ва бақувваттар шуда, дар назарам аз пештара хеле ҷавон менамуд. Асоро ҳам партофта буд.
Айнӣ бо ҳар кас алоҳида ҳолпурсӣ карда, моро ба гирди стол таклиф кард.
Баъд аз зиёфат Айнӣ ногоҳ ба яке аз меҳмонон муроҷиат карда пурсид, ки ӯ ҳозир ба чӣ кор машғул аст ва ба ҳамин тарз бо навбат пурсидан гирифт, ки чӣ менависад, ҳаҷми китоб чӣ кадар мешавад, кай ба хонанда мерасад ва ғайра.
Дар ин мобайн яке аз нависандагон, ки китоби хурдакаке менавишт, ба саволи «китобатон кай тамом мешавад», ҷавоб дод, ки баъд аз як сол.

пешина
аз 130
навбатӣ