Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод нутқи онрӯзаи худро низ асосан ба нависандагони ҷавон бахшид. Ӯ аз таҷрибаи бузурги худ мисолҳо оварда, ба мо роҳ нишон медод, баъзеи моро танбеҳ дода, таъкид мекард, ки ба худ мағрур нашуда, ҳаёт ва орзуву умедҳои халқро омӯзем.
Мо ба суханони пурқимати устоди хирадманди худ бо диққати беинтиҳо гӯш медодем ва ин нутқи ӯ барои мо, ҷавонон, дарси муҳими мактаби нависандагӣ гардид.

ВОҚЕАИ «ДАНДОН»

Як рӯзи тобистони соли 1948 ба ман гуфтанд, ки назди Айнӣ равам. Маълум шуд, ки як гурӯҳ нависандагони ҷавонро ҳамроҳи Айнӣ ба кино мегирифтаанд. Ғайр аз ин ба ман гуфтанд, ки бо худ китобе гирифта равам.
Дар боғи ҳавлие, ки истиқоматгоҳи Айнӣ буд, одами бисёре ҷамъ шуда буд. Аксари онҳо нависандагони ҷавон буданд.
Коркунони киностудия аппаратҳои худро кушода, маътали Айнӣ буданд. Аммо Айнӣ берун намебаромад.
Баъдтар ман фаҳмидам, ки Айнӣ суратгирҳо ва хусусан коркунони киностудияро (ба қавли худи ӯ «киночиҳоро») рӯи хуш намедодааст. Дар ҳақиқат барои одами саҳл кам ҳафтодсолае, ки танаш дардманд аст, соатҳои дароз зери шӯълаи прожекторҳои калон-калони электрикӣ ва ё дар зери офтоби сӯзон нишастан кори осон нест.
Дар охир устод ба назди мо баромад.
Дар бадали як соли охир Айнӣ хеле дигар шуда буд.
Қоматаш андаке хамида, чинҳои рӯяш зиёд шуда буданд.
Ғайр аз ин, асо гирифта буд.
Дар ин вақт режиссёри киностудия ба ман пичиррос зада гуфт:
– Китоб овардед?
– Овардам, – гуфтам ман.
Маро аз паҳлуи Айнӣ ҷой доданд.

пешина
аз 130
навбатӣ