ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
ХОТИРАҲО ДАР БОРАИ С. АЙНӢ
МАКТАБИ КӮҲНА
Намедонам, дар синфи сеюм мехондам, ё дар синфи чорум, ки ба дасти ман як китобча афтод. Саҳифаҳои китобча он қадар зиёд набуда, муқоваи сафедаш рахҳои кабуд дошт. Ман варақаи якуми китобчаро гардонда хондам:
«Ман бояд шашсола шуда бошам, ки маро падарам ба мактаби пеши масҷиди қишлоқ бурда монд. Модарам мегуфт.
– Туро дар вақти 4-сола, 4-моҳа, 4-ҳафта ва 4-рӯза буданат бо лаълӣ ва дастурхон ба мактаб фиристода, сабақ сар кунонда монда будем...»
Ман ҳайрон шудам, дар сарам саволи бисёре пайдо шуд. «Дар пеши мактаби мо масҷид гуфтанӣ чиз нест-, ку? – мегуфтам ман худ ба худ. – Магар мактаб дар пеши масҷид мешудааст? Баъд кадом одам ба мактаб лаъливу дастурхон мебурдааст ва лаъливу дастурхон бурдан чӣ лозим? Сабақ сар кардан чӣ чиз аст? Дар мактаби мо бачагони чорсоларо «хурд» гуфта қабул намекунанд-ку?»
Ҳарчанд зӯр задам, аммо ба ин саволҳо худам ҷавоб дода натавонистам. Ноилоҷ боз китобро кушодаму... дигар аз он чашм канда натавонистам.
Дар пеши назари ман гӯё ки як олами дигаре пайдо шуд. Гумон мекардам, ки ба мамлакати бегонае афтодаам. Бачагони ин мамлакат ба ягон хонандаи мактаби мо монанд набуданд. Ба онҳо дилам месӯхт, ки дар рӯи замини заҳ нишаста дарс мехонанд, аз мактабдори бузриши бадҷаҳл сахт калтак мехӯранд. Ба онҳо ҳайфам меомад, ки вақти худро бо камонбозиву бедонабозӣ барин корҳои бемаънӣ мегузаронанд.
Пас аз хондани ҳар кадоми ин асарҳо орзӯи деринаи ман, орзӯи дидани Айнӣ боз ҳам пурзӯртар мегардид.
Вале ба ин орзу фақат баъд аз чандин соли дигар расида тавонистам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё