ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Аммо ман тағоиямро на барои он дӯст медоштам, ки дасткушод ва саховатманд асту ба мо ҳар чӣ меорад.
Ман ӯро барои он иззату эҳтиром мекардам, ки худаш одами нағз, шахси аҷоиб аст.
Як худи саргузашти афсонамонанди ӯ ҳам кифоя буд, ки дили ҳар гуна бачаро ба даст оварад.
Аз Абдулатиф-тағо бӯи ҷангалзорҳои беҳаду ҳудуд ва шаҳрҳои бузург, бӯи кӯҳҳои осмонбӯс ва дарёҳои беқаър меомад. Москва ва Хабаровск, Ленинград ва Тошканд, Киев ва Боку, Олмаато ва Самарқанд... Ин ҳама шаҳрҳои дуру наздикро, ки ман танҳо номашонро шунида будам, тағоиям панҷ панҷааш барин медонист.
Вале чизе ки бештар аз ҳама маро ба ӯ мафтун мекард
– феълу хӯи ӯ, табиати ӯ буд.
Ман боварӣ доштам, ки дар ҷое, ки Абдулатиф-тағо бошад, дар он чо ҳеҷ як маншаву моҷаро, ҳеҷ як хафагӣ намешавад. Ҳар вақт, ки модарам маро коҳишу сарзаниш мекард ё ягон нохушие рӯй медод, ман Худо мегуфтам, ки ҳозир тағоиям даромада биёяд.
– Биҳишт – ҷои беозор, – мегуфт ӯ гоҳо ба ман. – Ҳаракат кун, ки ҷангу ҷанҷол нашавад, дилхунукӣ нашавад.
Ман ҳайрони баъзе одамҳо, ки масалан, гӯем хурсандиро монда, хафагӣ мекованд. Тавба!..
Ман дар боло гуфта будам, ки агар дар дунё ду каси нағз медидагӣ дошта бошам, яктоаш ҳамин тағоиям аст.
Тағоиям ҳам, ба назарам, маро хеле дӯст медошт. Вай ба ман мисли аксари калонсолон ҳавобаландона, назарногирона не, балки ба тарзи ҷиддӣ, гӯё маро мисли худаш бофаҳму рамуз дониста гап мезад. Агар касе бо ман сӯҳбат кардани ӯро шунавад, гумон мекард, ки тағоиям бо яке аз ҷӯраҳои ҳамсин ва наздикаш чақ-чақ мекунад.
...Модарам ва тағоиям дар таги тиреза, рӯи суфа менишастанд. Ман ҳар як ҳарфи онҳоро мешунавидам.
Бештар модарам гап мезад. Тағоиям танҳо ҳар гоҳ «ҳа-ҳу» гуфта менишаст.
–...Ба афташ нигоҳ карда намешавад, – мегуфт модарам ҳикояташро давом дода, – сару рӯяш сип-сиёҳ, дуд, либосаш чип-чиркин, аз гӯлах баромадагӣ барин. Баданаш дар офтоб сӯхта рафтааст. Чашмаш ба косахонааш фурӯ рафтагӣ, ба қавоқаш як табақ арзан ҷо мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё