Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кунад. Овози тағоиямро шунида, ман бисёр хурсанд шудам.
Агар ман дар дунё дута одами нағз медидагӣ дошта бошам, яктоаш ҳамин Абдулатиф-тағо аст. Умуман аксари ҷиянҳо ба тағоиҳои худ муҳаббати махсус доранд.
Ба меҳри онҳо аз гӯшаҳои беҳтарини дили худ ҷой медиҳанд, аммо меҳру муҳаббати ман ба Абдулатиф-тағо боз дигархелтар аст.
Тағоии ман саргузашти аҷоибе дорад.
Назар ба гуфти модарам, вай ҳанӯз дар айёми бачагиаш ба ишқи саёҳату ҷаҳонгардӣ афтода, дар синни понздаҳ-ҳабдаҳсолагиаш тамоман аз шаҳр баромада рафта будааст.
Бо ҳамин баромада рафтанаш тағоиям даҳ соли расо бе дому дарак шуда меравад. Аз рафтани ӯ се-чор сол нагузашта, падараш аз дунё чашм мепӯшад. «Бечора бобота ғами Латиф адо кард» мегуфт баъзан модарам, оҳи пурдарде кашида.
Тағоиям фақат се сол пеш гашта омад, ки ин тарафи воқеаро ман нағз дар хотир дорам.
Мактуби ногаҳонии Абдулатиф-тағоро, ки пеш аз омаданаш навишта буд, ба модаркалонам ман худам хонда дода будам.
Тағоиям дар хаташ аввало аз падару модараш узри бисёре мехост ва баъд навишта буд, ки он ҳаваси «ҷаҳонгардӣ»-и ӯ аз беақлии ҷавонӣ буду акнун вай ба худ омадааст ва дигар ба хӯрдани нони мусофирӣ тобу тоқаташ намонда, ҳаракат дорад, ки дар мобайни як-ду моҳи наздик боз ба ҳавлӣ баргардаду ба дидори падари бузургвор, волидаи аз ҷон азизтар ва хоҳари мушфиқаш расад.
Ба мардум – гап бошад. Одамон тафсилоти мактуби тағоиямро шунида, дар хусуси саргузаштҳои ӯ ҳар гуна росту дурӯғ мебофтанд. Ҳатто баъзеҳо чунин изҳори ақида мекарданд, ки ӯ бояд савдогарӣ карда ба даст афтода ва ин қадар солҳоро дар ҳабсхонаю бадарғагӣ гузаронида бошад. Аммо, чунон ки баъд аниқ маълум шуд, тағоиям на ҳабс шуда будаасту на бадарға, ӯ ин қадар вақт танҳо машғули ҷаҳонгардӣ будааст; ба ҳар шаҳре, ки мерафтааст, зуд ягон коре меёфтаасту чанд вақт ба сайру тамошои он шаҳр мегузаронидааст.

пешина
аз 130
навбатӣ