ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Ҳар кас агар шуморад кори ту саҳлу осон,
Лаънат ба ў бигўяд ҳар фарди поквиҷдон,
Раззоқи олам астӣ, эй баргузида деҳқон,
Васфи туро сароям то ҳаст дар танам ҷон.
Ҷонам фидои номат, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Ҳам Вахшу Ленинобод, кўлобию ҳисорӣ,
Дар гирудори меҳнат бинмуда ҷонсупорӣ,
То дар ривоҷи кишвар саҳми расо гузорӣ,
Байроқи обрўро маҳкам нигоҳ дорӣ.
Таҳсинкунон бигўям, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Дар Белорус будам, васфи туро шунидам,
Маҳсули ранҷи дастат дар ҳар куҷо бидидам.
Чун кўҳсори Помир аз фахр сар кашидам,
Бар пешвози тўят аммо ба сар давидам.
То бар ту шеър бахшам, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Иҷрои қавл кардӣ, ин аст сарфарозӣ,
Тобида мўи лабро бинмой рақсу бозӣ,
Иди Кабири Октябр бешубҳа аз ту розӣ,
Бо ин умед додат ҳар гуна имтиёзе.
Додат бузургворӣ, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.
Рўзи барори корат ин шеър тўҳфа орам,
Афсўс беҳтар аз ин чизи дигар надорам.
Бинмо қабул аз ман, халқи бузургворам,
Чун барги сабз инро бар ту ҳамесупорам.
Ту аз ману ман аз ту, дигар сухан надорам,
Бар чашм хоки поят чун тўтиё гузорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё