Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ВАРЗОБИ МАН

Варзоби ман шавшў макун,
Ин қадр ҳою ҳў макун,
Як-ду сухан мепурсамат,
Ҳушат ба дигар сў макун.

Қанду асал Варзоби ман,
Доим ба печутоби ман,
Шаб нола кардӣ то саҳар,
Аз дида бурдӣ хоби ман.

Аз чӣ ба сар раҳ меравӣ,
Ноҷову бе ҷо медавӣ,
Бозингарӣ феъли худат,
Баҳри чӣ нолон мешавӣ?

Гаҳ мавҷро фориш диҳӣ,
Гаҳ бар асаб хориш диҳӣ,
Гаҳ мезанӣ сар бар камар
Гаҳ мавҷро бориш диҳӣ.

Омўхтӣ варзишгарӣ,
Гоҳе ба по, гаҳ бар сарӣ,
Мастона мемонӣ қадам,
На ғор гуфта, не ҷарӣ.

Аз ҷар паридӣ дӣ ба шаст,
Кардам гумон поят шикаст,
Часпидӣ бар санги калон,
Ғелиду бар рўят нишаст.

Эй пираки кўдакнамо,
Ақлат канӣ, ҳушат куҷо?
Умри дарозе дидаӣ,
Сад бор хўрда пеши по.
Беҷо диламро ғаш макун,
Бисёр ҳам фаш-фаш макун.
Болову поён меҷаҳӣ,
Пирӣ магар, ҳаш-ҳаш макун.

Борон шавад фасли баҳор,
Бар сел гардида савор,
Ғавғо кунӣ, ғорат кунӣ,
На хеш гуфта не табор.

Нон мебарӣ, нон медиҳӣ,
Ҷон мебарӣ, ҷон медиҳӣ,
Гоҳе ту оташ мекушӣ,
Гоҳе чароғон медиҳӣ.

Пирӣ, ҷавонмардӣ кунӣ,
Ҳам гармию сардӣ кунӣ.
Гаҳ меравӣ қаъри замин,
Гоҳе ҷаҳонгардӣ кунӣ.

Вақте ба сар дидӣ лаҷом,
Мисли паланги гашта ром.
Бо амри ман раҳ меравӣ,
Бефеълу ғавғо субҳу шом.

Ин хулқу ин атворро,
Ин роҳу ин рафторро,
Ту аз куҷо омўхтӣ,
Бар ман кушо асрорро?

Хоҳам дар оғўшат шавам,
Дар роҳи мақсадҳо давам,
Аз ту сабақ омўхта,
Ҳамроҳи ту ҳар ҷо равам.

Варзоби ман, шавшў макун,
Ин қадр ҳоюҳў макун,
Бар гуфтаҳоям деҳ ҷавоб,
Ҳушат ба дигар сў макун.

пешина
аз 163
навбатӣ