ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ҲОСИЛИ УМР
Баҳори шўхшанги ман,
Арўси нозпарварам,
Маранҷ, гар ба мўи ту
Дубора даст мебарам,
Чаро ки дер омадӣ,
Парӣ ту зуд аз барам?
Ҳумои орзуи ман,
Ниҳам ба сояат сарам.
Нишин каме, ғаниматӣ,
Ба мисли умр қиматӣ.
Ба роҳи ту ҳамеша ман
Ба чашми чор мешавам.
Чу рамзи ошиқӣ туро
Ман интизор мешавам.
Фидои беқарорият,
Ки беқарор мешавам,
Канор нокушодаву
Зи ту канор мешавам.
Зи ман рамида меравӣ,
Куҷо дамида меравӣ?
Замин ба пешвози ту
Зи шавқ ҷома медарад,
Садои омад-омадат
Чу барқ раъд мебарад.
Зи партгоҳи теппаҳо
Шалола тунд мепарад,
Барои пойбўси ту
Ғизола сабза мечарад.
Баҳори ҳусну рангу бў,
Баҳори шавқу орзў.
Надида сер рўи ту,
Куҷо шитоб мекунӣ?
Ва ё пайи висоли худ
Маро хитоб мекунӣ?
Магар ба умри бурдаат
Ягон ҳисоб мекунӣ?
Ва ё чу зиндагӣ ба ман
Ато шубоб мекунӣ?
Дубораам ҷавонӣ деҳ,
Суботи зиндагонӣ деҳ!
Чунон ба макру ҳилаҳо
Ба чашми ман намудаӣ.
Назар фиреб додаву
Ҷавониям рабудаӣ.
Даре зи сеҳру соҳирӣ
Ба рўи ман кушудаӣ.
Ту аз ҳисоби умри ман
Ҷавон ҳамеша будаӣ.
Ҷавониро ту мазҳарӣ,
Зи шавқ баҳра мебарӣ.
Магар ниҳон зи худ шудӣ,
Куҷост нақши пои ту?
Куҷо шудӣ? Куҷо равам
Ба ҷустуҷўи ҷои ту?
Ки то дубора бинаму
Бипурсам аз вафои ту,
Вафо бубин, ки додаам
Ҷавониям барои ту.
Ту ҳам ба ман вафо бикун,
Дили маро ризо бикун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё