Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

СУЛҲ

Хонаи уммеди дунё кишварам,
Кишвари паҳновару бахтоварам,
З-ин саодат сар ба гардунҳо барам,
Ҳофизи озодии баҳру барам.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар,
Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар,
Ҷумла оламро диҳад ў зебу фар,
Нур пошад бар сари навъи башар.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Баҳри олам сулҳ даркор аст, сулҳ,
Насли одамро нигаҳдор аст сулҳ.
Чун шифои ҷони бемор аст сулҳ,
Модаронро бахти бедор аст сулҳ.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.
САЙҚАЛИ ЗИНДАГОНӢ

Бахти дунёст сулҳу амонӣ,
Кори халқ аст сулҳи ҷаҳонӣ.
Сулҳ чун сайқали зиндагонӣ,
Файз бахшад ба умри ҷавонӣ.

Сулҳ хушбахтии ҳар нажод аст,
Сулҳ сарпанҷаи иттиҳод аст.

Сулҳи пуриқтидору дилафрўз,
Ҳамчу хуршеди зулматсаросўз,
Оламеро фаро гирад имрўз,
То шавад рўзи ҳар халқ фирўз.

Сулҳ хушбахтии ҳар нажод аст,
Сулҳ сарпанҷаи иттиҳод аст.

Сулҳ ободии хонадон аст,
Сулҳ озодии одамон аст,
Сулҳ шодобии бўстон аст,
Сулҳ сарсабзии ҷовидон аст.

Сулҳ хушбахтии ҳар нажод аст,
Сулҳ сарпанҷаи иттиҳод аст.

пешина
аз 163
навбатӣ