Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Акнун на танҳо барои маҷаллаи «Шарқи Сурх» шеъру мақола дар мавзўи шеър омода мекардам, балки дар кори маслиҳат ва машварат бо шоирони ҷавон ва навқалам фаъолона иштирок менамудам. Дар ҳамин солҳо Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Гулрухсор, Меҳмон Бахтӣ, Мастон Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Кулолӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ниёзӣ, Гулназар, Салимшо Ҳалимшо, Раҳмат Назрӣ, Сайидалӣ Маъмур, Ҳадиса Қурбонова, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Ҳакимзода бо ҷўшу хурўш ба майдони адабиёт омаданд. Ҳамроҳи муаллим Боқӣ Раҳимзода аз ашъори онҳо ҳам барои журнали «Садои Шарқ» интихоб мекардем, ҳам барои маҷмўаҳои дастҷамъии навқаламон, ҳам барои тавсия ба рўзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, ҳам барои нахустин китоб дар силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт», ҳам барои тарҷима ба забони русӣ ва дигар забонҳои Иттиҳоди Шўравӣ.
Барои узвият ба Иттифоқи нависандагон ҳам мавод омода мекардем.
Танҳо як бахши кор бо шоирону нависандагони ҷавон то куҷо муҳаббату самимият ва заҳмат талаб мекард. Ногуфта намонад, ки устод Боқӣ Раҳимзода ва устод Мирзо Турсунзода вақти издивоҷ барои аксари шоиру нависандагони ҷавон хостгорӣ мекарданд, рўзи тўй раисиро ба зима мегирифтанд ва бо заҳмати зиёд барои онҳо хона мерўёнданд. Ёдашон ба хайр, ки пири батадбир, устод ва роҳбар буданд.
Устод Боқӣ Раҳимзода ба шоирони насли пешин ҳамчунин ғамхор буданд.
Соли 1947 дар шароити баъдиҷангӣ як гурўҳ шоиру нависандагон аз Хуҷанд ба Душанбе омаданд ва як муддат дар хонаи устод Боқӣ Раҳимзода ба сар бурданд. Аз он зумра Пўлод Толис, Муҳиддин Фарҳат буданд.
Устод Боқӣ Раҳимзода барҳақ устоди Пўлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Файзулло Ансорӣ, Абудмалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Хуршеда Отахонова, Акобир Шарифӣ ва дигарон буданд.
Шеърашон ду маншаъ дошт, мардумӣ ва классикӣ. Ин пайванд, яъне адабиёти китобии классикӣ ва адабиёти мардумӣ дар ашъори эшон ба сурати хеле табиӣ шакл гирифтааст, зеро эшон аз ҳар ду бахш ба мизони зиёд бархурдор ва огоҳ буданд. Дар ин ашъор сабку салиқаи як шоири мактабдида ва босавод ва ҳамчунин бохабар аз фарҳанг, русум, тафаккур, ҳикмат ва зарофатҳои мардумӣ сурат бастааст ва дар натиҷа осоре ба миён омадааст, ки дар айни қонунмандии адабии худ зинда ва ҳаётӣ, сухани рўз, мисли хўшаҳои расидаи гандум аз ҳар ҷиҳат комилу бенуқс, пурбор ва пухта мебошад.

пешина
аз 163
навбатӣ