ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
БАҲОР
Сабзаи кўҳу камар,
Хониши мурғи саҳар,
Муждарасонандаи
Фасли накўи баҳор.
Ошиқи дилбохта
Сўи чаман тохта,
Чида гули навбаҳор,
Тўҳфа барад баҳри ёр.
Ғунчаи саҳни чаман
То бикушояд даҳан,
Нағма кунад то саҳар
Булбули шабзиндадор.
Дор ҷавони баҳуш,
Гуфтаи манро ба гўш:
Лаззати дигар диҳад
Бўсаи фасли баҳор.
БАҲОРИЯ
Дило, таронаҳо саро ба васфи мавсими баҳор,
Биёр соқиё қадаҳ, навоз мутрибо дутор.
Нигар ба чашми ошиқӣ ба тарфи боғу бўстон,
Зи як тараф ҷамоли ёру як тараф хурўши кор.
Нигар, табиати мутеъ ба зери ҳукми коргар
Кашида лавҳа-лавҳа зар ба кўҳу дашти ин диёр.
Гирифта лола ҷомро зи сархушӣ ба тори сар,
Бунафша рақс кардаву сабо гирифтааст тор.
Дарахту сабзаи даман зи гул намуда пираҳан,
Ба сад намуд дар чаман кашида қад зи ҳар канор.
Зи чашмаоби нуқрагин, зи рўи баҳру бар камин
Равад ба хизмати замин чу ошиқе ба назди ёр.
Суруди булбулон саҳар диҳад ба ҳар маҳал хабар,
Ба халқи шоди боҳунар, ки: ҳон, расид вақти кор!
Кашида саф зи марду зан барои равнақи Ватан,
Зи пахта мекунад чаман, равон ба сўи киштзор.
Яке ба дасти оҳанин каланд мекунад замин,
Дигар ба қувваи машин дарида қалби кўҳсор.
Гурўҳ-гурўҳ гулрухон ба чеҳраҳои арғувон,
Равон ба сўи бўстон чу товусон ба сабзазор.
Дило, саро чу ошиқон суруди мулки ҷовидон,
Ки гулшанест бехазон, муаттар асту мушкбор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё